Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Бишкек мардум ба зидди ришвахорӣ эътироз мекунанд

Дар Бишкек мардум ба зидди ришвахорӣ эътироз мекунанд

15-02-2021, 11:30
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Дар Бишкек мардум ба зидди ришвахорӣ эътироз мекунандДар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон садҳо нафар бо раҳпаймоӣ дар маркази шаҳр аз мақомот хостанд, барои мубориза бо фасоду ришвахории густурда чора биандешанд.

Тазоҳургарон нисфирӯзии 14-уми феврал дар назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд ва сипас ба самти майдони Ала-То дар маркази шаҳр ҳаракат карданд. Онҳо дар даст шиорҳое бо ин мазмун доштанд, ки “Мо волоияти қонунро мехоҳем” ва “Мо тарафдори ояндаи дурахшонем”.

Тазоҳургарон ҳамчунин додгоҳи шаҳри Бишкекро танқид мекарданд, ки ба Раимбек Матраимов, яке аз мансабдорони собиқи Кумитаи гумруки Қирғизистон ҷазои сабук дод. Матраимов, ки аз тарафи Амрико низ танбеҳ шудааст ба интиқоли ғайриқонунии садҳо миллион доллар аз Қирғизистон муттаҳам мешавад.

Додгоҳи Бишкек, Матраимовро ба фасодкорӣ гунаҳкор донист ва 3 ҳазор доллар ҷарима баст. Раҳпаймоиро ҳаракати Баштан Башта созмон додааст. Ин ҳаракат дар гузашта низ тазоҳуроти осоиштае баргузор кардааст ва аз ҷумла тазоҳуротеро, ки ба зидди натиҷаҳои интихобот сурат гирифт ва бо истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури собиқ анҷомид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: