Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МАРДОНИ НОШУКР!

МАРДОНИ НОШУКР!

22-04-2021, 10:05
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
МАРДОНИ НОШУКР!
Имрӯз дар ҷомеаи мо ин сухан аз ҷониби мардҳо ба занони худ муд шудааст: «Агар писар таваллуд накунӣ, лозим нестӣ!!!». Бечора занҳо! Қиёфаи тифлро ва ё писару духтар будани онро зан худаш месохта бошад? Дар кадом давлат, кадом замон ё аср чунин ҳодисае буд, ки зан бо хоҳиши худ ва ё шавҳараш писар таваллуд кардааст??!
Ҳой мард!!! Вақте ба ҳамсари худ дод мезаниву аз онҳо писар ё духтар таваллуд карданро талаб менамоӣ, аз худу имонат пеши Худо шармат намеояд? Оё намедонӣ, ки муайян намудани ҷинси тифлу ато карданаш дар ихтиёри ту нест? Гуноҳи зан чист, ки баъди ду ва ё се духтар ба дунё оварданаш ӯро барои дар таваллуди писар оҷиз будан таъна мезанӣ? Ба сараш дод гуфта, ӯро бо чанд нозаниндухтаронат дар нимароҳ мемониву хостгори ҳамсари наве мегардӣ… Зидди қавонини Худо амал мекунӣ?
Хонандагони азиз, дишаб як хабари ҳам шум ва ҳам пандомезе аз нақли як дӯсти гиромиам шунидам, ки хостам дар ин матлаб ёдовар шавам.
Дар деҳаи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Восеъ зану шавҳаре бо номи Сабза ва Аламшо соҳиби 4 фарзанданд, ки ҳама духтаранд. Ҳарчанд мехостанд соҳиби писаре бошанд, аммо дасти тақдир имкон надодааст. Духтарон-Шарифгул, Азизмоҳ, Мавҷуда ва Занҷира.
Азизмоҳ мисли ҷавонмард муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтаасту рӯзгори оиларо бар уҳда доштааст. Шарифгул соҳиби ду фарзанд буда, шавҳараш ба Россия рафта, то хол барнагаштааст. Рӯзе модари онҳо (Сабза) саҳаргоҳҷон ба Ҳақ таслим мекунад.
Ҷаноза. Ҳама ҷамъ. Мегиристанду бо ҳайрат менигаристанд. Ба суханони чор духтари бе додару бародар гӯш меандохтанд: «Оҳ очаи ба ѓам олудаи бебачам…».
Мардум вақте хостанд тобутро аз замин бардоранд, духтари калони хона (Шарифгул) фиѓон бардошта мегӯяд: «5 дақиқа истед! Як васияти очаамро мегӯям. Очаам гуфта буд, ки аз чор тарафи тобутам чор духтарам бардорад!». Азизмоҳ илова мекунад: «Ман дар рӯи қабри модарамбарои хок пошиданҳақ дорам!». Мардум шигифтзада шуда, бо ҳайрат ба якдигар менигаристанд. Мардҳо ноилоҷ аз тобут дур шуданду чор духтар аз чор ҷониби тобути модар бардошта, бо ашки бари рӯ мисли сад мардқадам мезаданд…
Ҷои модар ҷаннат бод!
P/S: Зиёд медонему мешиносем нафаронеро, ки ба хотири писардор нашуданашон аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд ва ё Русия рафтаву дигар ёде аз наздиконашон намекунанду накардаанд. Пеш аз оне, ки ношукри аз духтар мекунем, бояд андеша кунем, ки модари зебои мо замоне духтарча буд. Андеша кунем, ки ҳамсари нозанини мо духтар буд…
Дар бисёр ҳолат як духтар баҳои сад писар мегардад. Суханҳо зиёд аст, аммо гумонам ҳамин қадар кифоя аст.
Қурбон АҲМАДЗОДА



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: