Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бори аввал дар Бадахшон чаҳоргоникҳо ба дунё омаданд

Бори аввал дар Бадахшон чаҳоргоникҳо ба дунё омаданд

7-12-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Бори аввал дар Бадахшон чаҳоргоникҳо ба дунё омаданд
Декабрь 6, 2018 15:42

ХОРУҒ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо хонаи сокини деҳаи Сангеви Ҷамоати деҳоти Қалъаи хуми ноҳияи Дарвоз Маҳдиҷони Шукрихудо пур аз меҳмон аст. Дар ин хонавода чаҳоргоникҳо- ду писар ва ду духтар ба дунё омаданд.

Модари ин чор фарзанд Меҳрангези Саломатшо мегӯяд, ки «ба ҷуз хешу табор одамони зиёди ношинос ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чаҳор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам. Номашонро Абубакру Умар ва Фотимаву Зӯҳро гузоштам. Ба гуфтаи табибони беморхонаи ноҳия, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд. Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид».

Модари Меҳрангез дар беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Нулванд момодоя аст ва ҳоло дар нигоҳубини кӯдакон ба духтараш кумак мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: