Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШОДӢ САФАРОВ: ТОҶИКОН АЗ АЗАЛ ДӯСТДОРИ ВАРЗИШ БУДАНД

ШОДӢ САФАРОВ: ТОҶИКОН АЗ АЗАЛ ДӯСТДОРИ ВАРЗИШ БУДАНД

22-04-2021, 10:42
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
ШОДӢ САФАРОВ: ТОҶИКОН АЗ АЗАЛ ДӯСТДОРИ ВАРЗИШ БУДАНД

Соли ҷорӣ аз таъсиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, ки он ягона манбаи олии таълимии омода намудани омӯзгорону мутахассисони риштаи варзиш ва инчунин, мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ба шумор меравад, 50 сол пур мешавад. Дар арафаи таҷлили 50-солагии донишкада, ки якҷо бо 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон таҷлил мегардад, суҳбате доштем бо ректори донишкадаи мазкур, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Чуноне ки ҳамагон медонем, солҳои охир, дар мамлакатамон дар риштаи варзиш навгониву пешравиҳои зиёд шуда истодааст. Чун Шумо, роҳбарии ягона манбаи олии таълимии омода намудани мутахассисони риштаи варзишро, ба зимма доред, мехостем суҳбатамонро дар ҳамин маврид оғоз бахшем.
- Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки бо саъю эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар, дар соҳаи варзиш низ тӯли солҳои охир ғамхориҳои хоса зоҳир гардида истодаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат соҳаи варзиш аз самтҳои афзалиятноки давлат қарор гирифтааст ва тавре шоҳидем, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалби сокинонро ба тарзи ҳаёти солим аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то аҳолӣ, бахусус, ҷавонону наврасонамон ҷисман солим ба камол расанд. Воқеан, ҳаматарафа тараққӣ додани ҷомеа вазифаи муҳимтарини ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.
Дар ин замина, дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани варзиш яке аз ҷанбаҳои муҳими демократикунонии ҳаёти ҷомеа мебошад, чунки он бевосита ба ҷалби одамон барои ширкати фаъолона дар зиндагии ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлубу хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла нашъаҷаллобию нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ, бахусус байни ҷавонон ин ба варзиш ва дар ин замина ба ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо мебошад. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат ҳангоми вохӯриву мулоқотҳояшон бо масъулону ҷавонон пайваста ин нуктаро таъкид менамоянд. Бар замми ин, масъалаи ташаккул ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон дар ҳар давра яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар шароити кишварамон, ки ҷавонон нуфузи асосии аҳолиро ташкил медиҳанд, саломатии насли наврас ва муҳити солими он дар рӯзгори мо дар ҷои аввал меистад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст”. Бо дарки ин нукта, имрӯз бо истифода аз имкониятҳои зиёди фароҳамгашта ҷавонону наврасони мо ба варзиш бештар рӯ меоранд, дар баробари ин солҳои охир муносибати ҷавононамон ба варзиши касбӣ бешубҳа хурсандиовар аст. Дар мавриди дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ҳамарӯза худ шоҳид гашта истодаем, ки алабатта боиси ифтихор аст.
- Ҳамчун олим ва мутахассиси соҳа дар мавриди ҷанбаҳои таърихии муносибати мардумамон ба варзиш чӣ андеша доред? Зеро имрӯз бо итминон метавон халқи тоҷикро табиатан дӯстдори варзиш номид. Ҳамин тавр не?
- Бале. Шумо дуруст қайд кардед. Дар ҳақиқат ҳам, тоҷикон аз азал варзишдӯст буданд. Дар ҷавоб ба суоле, ки матраҳ кардед, пеш аз ҳама як нуктаро қайд бояд кард, ки аз диди илмӣ, варзиш як бахши муҳаррики ҳаёти инсонҳо, мафҳуми умумии яке аз рукнҳои тарбияи ҷисмонии ҷамъият мебошад. Дар ҳамаи давраҳои инкишофи инсоният тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саросар саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ин аст, ки варзиш воситаи ташкили фароғати аҳолӣ буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, ҳамкорӣ ва сулҳу дӯстӣ мусоидат менамояд. Беҳуда нест, ки ба ин бахши фаъолияти худ инсон аз қадим боз таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки варзиш дар ҷомеа хеле тавсеа ёфта, рӯз то рӯз намудҳои гуногун пайдо кард. Имрӯз талабот ё ин ки ниёзи машқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро мумкин аст, ки ба талаботи китоб хондану дониш аз худ намудан баробар кард. Одам бе китоб наметавонад дунёи маънавии хешро инкишофу такмил диҳад, бе тарбияи ҷисмонӣ бошад, саломатӣ ва қаду қомати зебои варзиширо низ такмил додан ғайриимкон аст. Боиси хурсандист, ки мардуми тоҷик ҳамеша ба варзиш чун ба як воситаи обутоб додани бадан муносибат менамуд ва варзишро яке аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлониву фазлониву фалсафии худ медонист. Ба ибораи дигар, халқи тоҷик аз азал хиради бузурги варзишгаронаро доро буда, табиатан дӯстдори варзиш аст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо дарки рисолатшиносӣ дар навбати худ ҷавонони соҳибназари мо бо нишон додани қудрату тавонии зеҳниву фикрӣ ва ақлониву ҷисмонии хеш мояи ифтихори миллии мо дар муҳимтарин нуқтаҳои олам гардидаанд. Имрӯз ба ифтихори варзишгарони тоҷик дар гӯшаву канори олам чун рамзи пирӯзиву қудрат Парчамамон барафрошта мешаваду суруди миллиамон садо медиҳад.
Умуман, дар масъалаи аҳамияти варзиш баҳсҳои илмию амалии доманадоре мавҷуданд, аммо он чиз мусаллам аст, ки қуввату дониш бузургтарин ҷавҳари одамизоданд. Шахсе, ки аз ин ду неъмати иллоҳӣ бархӯрдор аст, шахси ҳаматарафа ташаккулёфта, яъне инсони комил аст.
- Тавре дар ибтидо ёдовар шудед, кишваре, ки ҷомеаи солим дошта бошад, ба комёбиву муваффақият ноил мегардад ва ҳадафи асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чун яке аз соҳаҳои фаъолияти иҷтимоии аҳолӣ ба таҳкими саломатӣ, инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон ва истифодаи он дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рӯзмарра равона гардидааст. Албатта, тарбияи аъзои ҷомеаи мо дар ин ҷода бояд аз оила ва аз синфҳои поёнии мактаб оғоз ёбад, ки ин дар ҳамдастӣ ва якдигарфаҳмии омӯзгорону волидайн метавонад сурат бигирад. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?
- Тарбияи ҷисмонӣ ва солимии инсон дар навбати аввал ба нигоҳубин ва назорати волидон вобастагии қавӣ дорад, зеро шахс аввал ҳаракатҳои одии ҷисмониро дар аёми наврасӣ дар оила аз модар меомӯзад. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзанд дучанд намоянд. Дар ҳамин қонун ба аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маданияти ҷисмонии кӯдакон эътибори ҷиддӣ дода шудааст, ки сарчашмаи барору муваффақиятҳо дар ин ҷода аз оила сарчашма мегирад. Иштироки фаъолонаи оила дар ҳаракатҳои ҷисмонӣ–оммавӣ, мақсаднок иҷро намудани восита ва шаклҳои гуногуни маданияти ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти ҳаррӯза дар замони мо ба як шакли муайян даромадааст. Дар мавриди омӯзгор бошад, зикр бояд намуд, ки таъсири мактаб на фақат аз кор бо падару модарон иборат аст, балки худи хонандагонро барои дарсҳои мустақилонаи ҳаёт бояд омода намояд. Инҳо омӯзиши маҷмӯи машқҳои гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, обутобёбии ҷисмонӣ, машқҳои мураккаби ҷисмонӣ, иҷроиши вазифаҳои хонагӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ, гузаронидани машқҳои мустақилона барои супоридани меъёрҳои таълимӣ мебошанд. Оила ва мактаб дар амал бояд ягона бошанд, вобаста ба ҳамин шартҳо тарбияи кӯдакон натиҷаи мусбӣ медиҳад. Ҳам падару модарон ва ҳам мактаб корҳои худфаъолиятӣ-машқии кӯдаконро бояд ташкил намоянд, баҳо диҳанд ва барои инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонию маҳорати варзишии онҳо ғамхорӣ намоянд. Аз ҳамин ҷост, ки бо маслиҳати падару модарон, муаллимон ва мураббиён насли наврас фаъолона дар чорабиниҳо иштирок менамоянд. Аз тарафи дигар, муносибати онҳо ба маданияти ҷисмонӣ дар оила, ин асбоби аёнии зинда барои кӯдакон мебошад. Инро бояд ҳар як падару модар ва омӯзгорон хуб донанд.
- Имрӯз дар кишварамон кам нестанд ҷавонону наврасоне, ки ба варзиш майл доранд ва ё ин ки мехоҳанд ба варзиши касбӣ рӯ оранду комёб шаванд. Чун мутахассиси соҳа ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед, чӣ гуна метавон варзишгари муваффақ шуд?
- Падидаи бисёр ҳам нек аст, ки майлу рағбати насли ҷавони кишвар сол ба сол ба варзиш, бахусус ба варзиши касбӣ зиёд мегардад, мушоҳидаҳои қабул ба донишкадаамон нишон медиҳад, ки сафи довталабон ба ин соҳа афзуда истодааст, бисёр довталабон на танҳо бо мақсади интихоби касби омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ба муассиса рӯ меоранд, балки мехоҳанд, нозукиҳои варзиши касбиро аз худ намуда, дар оянда дар ин ҷода муваффақ гарданд. Дар баробари ин, онҳое, ки мехоҳанд, пешаи варзишро интихоб кунанд, бояд фаромӯш накунанд, ки барои аз худ намудани ин касб роҳи басо мушкилро тай намудан зарур аст: машқҳои мунтазам, сарфи қувваи ҷисмонию вақти зиёд, ба даст овардани малакаю маҳорати варзишӣ, натиҷаҳои баландро нишон додан... Ҳамаи ин аз шахс кӯшишу иродаи қавиро талаб менамояд. Барои ба ин зинаи ифтихорӣ расидан пайваста омӯхтан, машқ кардан, дар интихоби варзиш дурахшидан зарур аст. Варзиш аз инсон эҷодкорӣ, таҳаммулпазирӣ, зебопарастиро талабида, варзишгарро дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибори баланд мегардонад. Барои тарбия намудани як варзишгари хуб солҳои зиёд меҳнат сарф мешавад. Тайёрии варзишгарон оғоз дораду анҷом не. Бар замми ин, барои ба варзиши касбӣ рӯ овардан истеъдоди баланд даркор аст. Варзиш ҳунар аст, он ҳаётро ба шӯру шар, ба зебопарастию хештаншиносӣ табдил медиҳад. Варзиш безаволу орӣ аз ғиромию дасисабозиҳои пасипардагист. Он иффату некӣ, фурутаниву шикастанафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд. Варзиш ба мисли тифли навзод озодаю шафоф аст. Ниҳоят ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...Дар назди варзишгар шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватан меистад...” Дар ин замина, варзиш арсаи нангу номус, ифтихори халқияту миллат мебошад. Ин аст, ки варзиш дар арсаи сиёсати байналмилалӣ чун рукни асосӣ ворид шуда, сарҳадро намеписандад. Аз ин рӯ, варзишгар ба пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир бо чашми хираду ифтихори миллӣ бояд назар андозад ва ояндасоз бошад. Танҳо як нуқта бомаврид аст, ки як варзишгар метавонад, дар баробари тамоми миллат ватану миллати хешро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намояд. Пас метавон хулоса намуд, ки саҳнаи варзиш саҳнаи нангу номус, саҳнаи ватандориву ору номуси миллӣ аст, яъне барои варзишгари муваффақ шудан танҳо неруи ҷисмонӣ кифоя набуда, балки меҳру муҳаббати хосаи варзишгар ба Ватан дар ҳамбастагӣ сарчашмаи муваффақият мегардад. Ба ибораи дигар, варзиш саросар саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз сафи варзишгарон–ҷаҳонпаҳлавонони кишварамон сол ба сол афзоиш дорад ва бахусус, корномаҳои варзишии паҳлавононамон тӯли солҳои охир, бахусус, аз ҳисоби ҷавонони боору номус аз рушди минбаъдаи варзиш дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад. Корномаҳои варзишии онҳо худ як дарс, як василаи муҳими таҳкими худшиносиву ватандӯстии сокинонамон, бахусус, ҷавонону наврасонамон аст. Дар мавриди ин дастовардҳо метавон соатҳо ҳарф зад ва худ хонандагони рӯзнома ҳамарӯза огаҳӣ пайдо намуда истодаанд. Чунин ҳам бояд бошад, зеро имрӯз монеае барои машғул шудан ба варзиш мавҷуд нест. Он шароиту имкониятҳое, ки дар соҳаи варзиш дар саросари кишвар, бахусус, дар пойтахти зебоямон фароҳам гаштаанд, ба ҷавонону наврасон имконияти хуби ба варзиш машғул шуданро фароҳам овардааст. Ҷавононамон бояд ин имкониятҳоро самаранок истифода баранд. Мутаассифона, бархе ҷавонони мо ин имкониятҳоро нодида мегиранд, вақти худро беҳуда мегузаронанд. Майдончаву иншооти варзишӣ пеш аз ҳама, ҷойи дӯстдоштаи насли ҷавонамон бояд бошанд.
- Зикр кардед, солҳои охир барои рушди соҳаи варзиш ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардаду шароит фароҳам оварда мешавад. Ба назари шумо то кадом дараҷа сокинони кишвар, бахусус, насли наврасу ҷавонамон аз шароити муҳайёгашта самаранок истифода мебаранд?
- Имрӯзҳо роҳбарияти олии мамлакат дар баробари масъулияти бузурги давлатдорӣ роҳбарии бевоситаи яке аз ниҳодҳои варзиш-Кумитаи миллии олимпиро ба зимма доранд ва тамоми мушкилоту масъалаҳои соҳа барояшон хуб аён аст. Ин аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат тайи солҳои охир қариб ки мушкилоти ҷиддие дар соҳа ба назар намерасад. Дар муқоиса бо 10-15 соли гузашта, он мушкилотҳое, ки чун дигар соҳаҳо самти варзишро фаро гирифта буданд, бемуболиға имрӯз қариб, ки пурра аз байн рафтаанд гӯем, шояд хато набошад. Бубинед, имрӯз дар дуртарин ноҳияву деҳа як толор ва ё як майдон ё майдончаи варзишӣ бунёд гаштааст, ки чанд сол қабл роҳу воситаҳои бунёди онҳоро меҷустем. Дар пойтахт бошад, қариб дар ҳар гӯшаи шаҳр, дар ҳар маҳал майдончаҳои беҳтарин бунёд ёфтаанд. Худи ҳамин Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аз рӯи ҳашамату бузургиаш шояд дар кишварҳои ҳамсоя набошад. Ин шароитҳо, хусусан барои наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Бесабаб нест, ки ҳангоми кушодашавии дилхоҳ толори варзишӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “...ин шароитҳо, маҳз барои Шумо ҷавонон, барои насли ояндасози кишвар аст...”.
Ҳамзамон, хеле муҳим аст, ки аҳолӣ, бахусус ҷавонон аз ин иншооту толору майдонҳои варзишии бунёдшуда самаранок истифода баранд ва онҳоро хуб нигоҳ доранд то дигар ҳамдиёрон боз солҳо истифода баранд. Бубинед, ки барои бунёди ҳар яке аз ин иншоотҳо чи қадар маблағу меҳнат сарф мегардад. Пас, ба қадри ин ҳама талошу заҳматҳо бояд бирасем.
- Бо истифода аз фурсат ба хонандагони ҳафтанома каме дар бораи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов маълумот медодед.
- Имрӯз донишкада ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат табдил ёфтааст. Ҳоло донишкада дорои 5 факултет, 18 кафедра, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ ва 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ, китобхонаи дорои теъдоди васеи адабиёт ва китобхонаи электронӣ барои ҳамаи ихтисосҳо мебошад. Кушода шудани факултети сайёҳии кӯҳӣ ва шуъбаи воқеанигори варзиш дар таърихи донишкада рӯйдоди бузург маҳсуб меёбад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омӯзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кӯҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш мубаддал гаштааст.
Айни замон, қариб 300 нафар устодону мутахассисони ботаҷриба дар донишкада кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди донишҷӯён бошад, қариб ба 6000 нафар расидааст. Аз ҷиҳати пешниҳоду таклифот ва ихтироту кашфиёт аҳли илм ва устодони донишкада дар рақобатҳои илмӣ, табъу нашри китобҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифи маҷмӯаю мақолаҳои илмӣ дар як саф бо дигар муассисаҳои олии кишвар қарор гирифтаанд. Танҳо дар чанд соли охир аз ҷониби олимону мутахассиони донишкада як силсила китобҳои таълимӣ ва барномаҳои ихтисосӣ нашр ва маҷмӯи мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ дар рӯзномаҳои даврӣ ба табъ расиданд.
Дар мавриди робитаву ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои олии касбии давлатҳои дигар қайд кардан лозим аст, ки донишкада аз соли 2007 ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон шомил гардид ва дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии сайёра донишкадаро чун макон ва пойгоҳи муқаддаси тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ ба расмият шинохтаанд.
Донишкада давоми 50 соли мавҷудияти худ, ки соли равон якҷо бо 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад, ин боргоҳи ягонаи олии варзишии кишварро беш аз 35 ҳазор нафар хатм кардаанд ва ин далели он аст, ки донишкада аз уҳдаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сарбаландона мебароянд. Имсол аз таъсисёбии кафедраи ҳарбии донишкада 40 сол пур шуд.
Хушбахтона, имрӯзҳо зиёда аз 300 нафар дастпарварони донишкада узви пайвастаи дастаҳои мунтахаби варзишии мамлакат мебошанд. Ба варзишгароне, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинанд, нақшаи озоди дарсӣ пешбинӣ шудааст, ки имрӯз ба он 350 нафар донишҷӯёни варзишгар фаро гирифта шудаанд.
Имрӯз донишкада бо ҳамаи ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас, ки шаъну эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд ифтихор дорад. Умуман, дастпарварони донишкада аз рӯи аксари намудҳои варзишӣ дар баландтарин сатҳи мусобиқаҳо шарафи мамлакатро ҳимоя менамоянд ва дар қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмиллалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рӯи аксарияти намудҳои варзишие, ки ҳамчун дастаи мунтахаби Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд, афзалият доранд.
Тӯли солҳои охир донишкада ба дастовардҳои муҳим дар таҳкими раванди таълим, илм, варзиш, корҳои тарбиявӣ ва таҳкими пойгоҳи таълимию илмӣ ноил гардид. Пеш аз ҳама дар раванди такмили сифати таълим дар донишкада бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Аввалан, компютеркунонии раванди таълим идома ёфта, ташкили марказҳои компютерӣ ва қабули санҷишу имтиҳонҳо тариқи тестӣ - ба воситаи компютер, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ падидаи ҷавобгӯи талаботи замон мебошад.
Феълан донишкада барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ҳайати омӯзгорону кормандони донишкада имрӯз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқаманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона намудаанд.
Боиси хушнудист, ки соли равон донишҷӯёни мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор гардид, хуб дурахшиданд. Онҳо таҳти робарии устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи намудҳои варзиши миллӣ Хуршед Убайдуллоев дар аксар мусобиқаҳо мақоми аввалро касб намуда, соҳиби шоҳҷоизаҳо шуданд, аз ҷумла Саидмухтор Расулов, донишҷӯи соли сеюми факултаи варзиш дар вазни 80 кг ва Саидшо Раҳматуллоев, донишҷӯӣ соли чоруми факултаи мазкур дар вазни 75 кг дар ду мусобиқа соҳиби шоҳҷоизаҳо гардиданд.
Тибқи нақшаи омодагиҳо ба таҷлили 50-солагии донишкада, айни замон, дар толори бозиҳои варзишӣ, ки соли равон ба истифода дода хоҳад шуд, корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дорад. Дар базаи факултети ҳарбии донишкада китобхонаи нав ташкил карда шуд. Тибқи нақшаи таҳияшуда, зери унвони “50-соли боргоҳи азамати варзиши миллат” аз ҷониби устоди донишкада, рӯзноманигор Мирзосафар Шамсиддинов китоби калонҳаҷме таълиф хоҳад шуд, ки тамоми фаъолияти донишкадаро дар бар мегирад. Инчунин, нақша ҳаст, ки давоми соли ҷорӣ дар донишкада Чепионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардад.
- То ҷое медонем, Шумо роҳбарии ташкилоти ибтиидоии ҳизбии донишкадаро низ ба уҳда доред, ки ташкилоти ибтидоии “80-солагии Душанбе” яке аз ташкилотҳои фаъол маҳсуб меёбад. Дар охир каме дар бораи ташкилоти ибтидоии ҳизбии донишкада низ маълумот медодед?
- Ташкилоти ибтидоии “80-солагии Душанбе” соли 1996 таъсис ёфтааст. Шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам ташкилоти мазкур яке аз ташкилотҳои фаъоли ҳизбӣ дар ноҳияи Синои пойтахт маҳсуб меёбад. Супоришҳои ҳизбиро сари вақт ва бомуваффақият ба ҷо меорад. Ташкилот рӯзҳои аввали оғози фаъолияташ ҳамагӣ 21 нафар аъзо дошт. Айни замон, шумораи аъзои он 262 нафарро дар бар мегирад, ки ҳамаи онҳо дар маъракаҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд ва ин боис ба он гаштааст, ки ташкилоти мазкур дар ноҳия қариб дар ҳамаи самтҳо пешсаф аст. Мо дар оянда низ кӯшиш мекунем, ки супоришҳои ҳизбиро сари вақт ва бе чуну чаро иҷро намуда, пешсафиро аз даст надиҳем. Фаъолияти пурсамари ташкилот ва чандн нафар аъзои фаъоли он аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
- Барои суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос менамоем.

Суҳбаторо,
Ибодулло ТОҲИРОВ,
Мавлон ШАРИФОВ

Аз ҳолномаи ҳамсуҳбатамон:
Сафаров Шодӣ Асомуродович зиёда аз 30 сол инҷониб аз зинаи омӯзгорӣ то мудири кафедра, декани факулта ва айни замон ба сифати ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов фаъолияташро ба соҳаи варзиш пайвастааст. Олими сермаҳсул, муаллифи 12 китоби дарсӣ, маводҳои таълимию методӣ, маҷмӯаҳои публитстиву оммавӣ, аз қабили «Бозиҳои миллӣ ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик», «Бозиҳои серҳаракат», «Солимии атфол-солимии миллат», «Ақидаҳои педагогӣ», «Фалсафаи варзиш», «Варзиш – саҳнаи нангу номус», «Фарҳанги варзиш ва тафсири бозиҳои миллӣ ҳамчун воситаи рушди шахсияти донишҷӯён» ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Ш.Сафаров шаш нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанду айни замон се нафар олимони ҷавон ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Заҳматҳои ӯ бо Ордени «Шараф» дараҷаи II, “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр шудааст.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: