Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » 2 июл – Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

2 июл – Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

30-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
2 июл – Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣБо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд.

АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латифов мегӯяд, “Созмони мо 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад”.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе ҳамоиши намояндагони васоити ахбори оммаро доир мекунад. Беҳтарин хабарнигорони соҳа бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд. Инчунин хабарнигорон дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит мекунанд.

Раиси АЖРВТ хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию хушбахтӣ ва дар фаъолияти эҷодиашон муваффақиятҳо орзу науд.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: