Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиш дар даврони истиқлолият

Варзиш дар даврони истиқлолият

28-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 478 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш дар даврони истиқлолият
Аз даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инак 25 сол пур мешавад, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ дар баробари дигар соҳаҳо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ аҳамияти хоса медиҳад.

Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт, пас аз ба даст овардани истиқлолият соҳаи варзиши мамлакат заминаҳои аввали худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуд.

Мавсуф мегӯяд, маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз қадамҳои аввал фаъолияти худро оғоз намуд ва то имрӯз як қатор тадбирҳои муҳим ба анҷом расонида шудааст.

- Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 8409 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 111 варзишгоҳ, 6130 майдончаи варзишӣ, 1585 толорҳои варзишӣ, 83 ҳавзҳои шиноварӣ ва 718 адад иншооти махсуси варзиширо ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2011-2015, 1191 адад иншооти асосии варзишӣ, аз ҷумла 18 варзишгоҳ, 811 майдончаи варзишӣ, 313 толорҳои варзишӣ, 32 ҳавзҳои шиноварӣ ва 17 маҷмааи варзишӣ сохта шуда, 1059 адад иншоот таъмиру таҷдид гардидаанд.

Танҳо соли 2015 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 82 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 139 885 279 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 69 515 090 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 70 370 189 сомониро аз ҳисоби сарпарастон ташкил медиҳад.

Варзиш дар даврони истиқлолиятАз ҷумла, 1 варзишгоҳ (бо 20 ҳазор ҷои нишаст) дар ноҳияи Ҳисор бо харҷи зиёда аз 43 564 090 сомонӣ аз маблағҳои буҷавӣ, 1 Маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ (бо 3000 ҷои нишаст) бо харҷи зиёда аз 18 000 000 сомонӣ аз маблағҳои буҷавӣ, 1 Маҷмааи лижаронию сайёҳӣ дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб бо харҷи зиёда аз 7 000 000 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон, 1 маҷмааи варзишию солимгардонӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (бо 3000 ҷойи нишаст) бо харҷи зиёда аз 50 000 000 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон ва 1 корти теннис дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо харҷи 495 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамсуҳбатам инчунин илова намуд, ки соли 2015 19 толори варзишӣ (аз ин 5 толори варзишӣ дар назди мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ) бо харҷи 6 361 000 сомонӣ, ки аз ин 1 456 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 4 905 000 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон сохта шудааст.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ 53 майдончаҳои варзишӣ бо харҷи 14 126 689 сомонӣ, аз ҷумла 12 858 689 сомонӣ аз ҳисоби маблаҳои буҷавӣ ва 1 268 000 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон сохта шудааст.

Н. Бозоров дар идомаи суҳбат инчунин иброз намуд, ки дар ин давраи таърихӣ, дар ҷумҳурӣ 5 ҳавзи шиноварии кушода, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом ду адад, Гулистон як адад ва Спитамен ду адад бо харҷи 338 500 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ аз 83 ҳавзҳои шиноварии дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавҷудбуда, 13 ҳавзи шиноварии болопӯшида, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Б. Ғафуров ва шаҳри Душанбе мавҷуданд, ки аз ин ҳавзҳо шаш адад дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Вахш ва шаҳри Душанбе се адад бо оби гарм таъмин мебошанд.

Ин устоди варзиш ва ҳамзамон масъули бахши варзиши Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар, бо хушҳолӣ зикр намуд, ки дар ин давра варзишгарони мамлакат дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ, Шоҳҷомҳо иштирок намуда, ба дастовардҳои таърихии даврони истиқлолият ноил гардиданд.

- Аз ҷумла Расул Боқиев ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Дилшод Назаров- ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё ва чоркарат иштирокчии Бозиҳои олимпӣ оид ба варзиши сабук, Фаррухи Салим- чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Хуршед Маҷидов ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Малика Лагутенко- чемпиони Осиё оид ба тирпарронӣ, Шоира Зулқайнарова- ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев- ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Акмалиддин Каримов- ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Устопириён Комроншоҳи чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Шаҳриёр Даминов чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Адам Исоқов- чемпиони Осиё байни наврасон оид ба дзюдо ва дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ҷоизадори медали биринҷии чемпионатии Осиё гардидаанд.

Ӯ мегӯяд, дастовардҳои дигари варзишгарон низ дар ин давра шоистаи таҳсин мебошад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 ин ҷониб дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок менамояд ва дар давраи истиқлолияти давлатӣ 2 медали нуқра ва як медали биринҷии ин бозиҳоро варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд.

Аксарияти Федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ таъсис дода шуда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат як қатори Чемпионати ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои Осиёи марказӣ, ва мусобиқаҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон баргузор намуда истодаанд.
Варзиш дар даврони истиқлолият
- Мехоҳам як нуктаи муҳимро қайд кунам, ки баҳри ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 “Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 9 январи соли 2015, №328” ба имзо расид. Аз ин лиҳоз ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин иқдоми нек низ дар рушди соҳаи варзиш як такони ҷиддие мебахшад. Зеро дар оянда ҳар як варзишгар орзу мекунад, ки ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардад.

Боиси хурсандии варзишгарон ва дӯстдорони варзиш аст, ки 24 декабри соли 2015 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-652 интишор шуд, ки дар асоси он 21 нафар варзишгарони тоҷик бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 673750 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Мавсуф инчунин дар идомаи гуфтаҳои боло зикр намуд, ки дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 132 адад мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки шумораи машқварзон (фарогирифтагон) дар давраи ҳисоботӣ 42504 нафарро ташкил медиҳад, аз ин шумора 7136 нафар духтарон буда, шумораи машқварзон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2171 зиёд шуда, теъдоди машқварзони духтар бошад 2509 нафар афзоиш ёфтааст.

Барои ҷалби насли ҷавон ба варзиш дар мактабҳои варзишии амалкунанда зиёда аз 1982 мураббиён фаъолият доранд, ки аз он 1026 нафараш маълумоти олии варзишӣ, 666 нафар маълумоти миёнаи махсуси варзишӣ ва 273 нафар бе маълумоти варзишӣ барои тамрин додани машқварзон кору фаъолият доранд.

Дар баробари мактабҳои варзишӣ дар ҷумҳурӣ тавассути сексияҳои варзишӣ ва гурӯҳҳои солимгардонӣ, насли ҷавон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаро гирифта шудааст, ки дар ин давра 614 286 нафар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2171 нафар афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти охирин шумораи умумии наврасону ҷавонони ба тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда дар ҷумҳурӣ 1310000 нафарро ташкил медиҳад.

Носир Бозоров дар поёни суҳбат дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар даврони шӯравӣ ва даврони истиқлолиятро муқоиса намуда, иброз дошт, ки дар гузашта, яъне дар даврони шуравӣ варзишгарони мо ҳамагӣ 133 медал, аз ҷумла, 113 тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз шумораи медалҳои дар даврони истиқлолият ба даст овардаи варзишгарони мо ба 3546 адад расидааст, ки аз ин шумора, 160 тилло 63 нуқра ва 138 адад медалҳои биринҷӣ мебошанд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: