Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

17-03-2021, 09:31
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ ба таъсиси Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сол пур мешавад.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои маҳфузбуда аз ҷониби Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи марти соли 1931 Низомнома оид ба ташкили кори архивӣ дар ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст, ки он баҳри ташкил кардану ба роҳ мондани кори архив дар Тоҷикистон, ба вуҷуд овардани Фонди ягонаи умумидавлатӣ аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои дар ҷумҳурӣ вуҷуддоштаи таърихию сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, маориф, воқеаҳои дар Тоҷикистон ба амаломада ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба Тоҷикистон буда аз бойгониҳои дигар ҷумҳуриҳо ирсолгардида мусоидат мекунад.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди ягонаи давлатӣ дар шаҳри Душанбе Архиви марказӣ ва Архиви Инқилоби Октябр ва шуъбаҳояшон дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ таъсис дода мешаванд, ки баъдан моҳи марти соли 1941 онҳо ба Архиви марказии давлатии Тоҷикистон муттаҳид кунонда шудаанд.
Солҳои аввали фаъолият Архиви марказии ҷумҳурӣ бинобар набудани биноҳои мувофиқ баҳри нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва душворӣ ҷиҳати мутахассисони соҳибмаълумот мушкилоти зиёдеро аз сар мегузаронд. Ба ин нигоҳ накарда, аз тамоми имконот истифода бурда, баҳри нигоҳдории дурусти ҳуҷчатҳо кӯшиш ба харҷ дода мешуд.
Ба санаи 1 январи соли 1938 дар Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон 132 фонд бо миқдори умумии 26520 парванда вуҷуд доштааст, ки ҳамаашон мувофиқи талаботи илмӣ ба рӯихат гирифта, ҷо ба ҷо гузошта шудаанд.
Баъд аз оне, ки Ҳукумати Шӯравӣ бо дастуроти махсус 5 июли соли 1941 тамоми муассисаю корхонаҳо, идораю ташкилотҳро оид ба таъмину нигоҳдории ҳуҷҷатҳои арзиши илмию тадқиқотӣ, ҳарбидошта ва ба хоҷагии халқ аҳамиятнок вазифадор мекунад, Бойгонии марказии давлатии ҷумҳурӣ корро дар ин самт беҳтар намуда, ҳуҷҷатҳои зиёдеро аз дигар маҳалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда, баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба соҳибонашон бар мегардонад.
Бойгонии марказии давлатии ҷумҳурӣ 29 марти соли 1941 таҳти №723 бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии Сотсиалистӣ бо номи Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон ташкил шуд.
Соли 1950 ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои мақомоти ҳокимияти болоӣ ва маҳаллӣ, идораҳои давлатӣ, муассисаҳои марказии ҷумҳурӣ, ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе оғоз меёбад ва минбаъд устохонаҳои азнавбарқароркунӣ ва санҷишҳои коркарди аксҳо, корҳои табъу нашр ва истифодаи ҳуҷҷатҳо ба фаъолият мепардозанд, ки ба дуруст нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ва ташкили хазинаи эҳтиётии ҳуҷҷатҳои аҳамияти калон дошта ёрӣ расонданд.
Муассисаҳои бойгонӣ, ки дар тобеияти Вазорати дохилии ҷумҳурӣ буданд, солҳои 60-уми садаи бист ба итоати Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ гирифта шуданд ва 26 сентябри соли 1963 қарори дахлдори Шӯрои вазирон “Дар бораи чораҳои беҳтар намудани кори архивӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон” қабул шуд, ки баҳри беҳтар шудани кор таъсири бузург расонд.
Охири солҳои 70 садаи бист барои Бойгонии марказӣ ва 7 шуъбаи он биноҳои мувофиқ баҳри нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ҷудо гардида, 3 шуъбааш ба бойгонии вилоятӣ ва дутои дигараш ба бойгониҳои ноҳиявӣ табдил дода шуданд ва дар назди Бойгонии марказӣ 3 филиал дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва шаҳраки Ғарм ҷудо намуданд.
Ба роҳ мондани чунин шакли корбарӣ фаъолияти бойгонидориро боз ҳам беҳтар гардонид ва ҷамъоварӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо беҳтар шуд. Алҳол, Бойгонии марказии давлатии ҷумҳурӣ дар бинои шароити хуби нигоҳдории ҳуҷҷатҳородошта ҷойгир буда, дар он хазина бо теъдоди умумии ҳуҷҷатҳо мавҷуданд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонӣ бо талаботи илмӣ эҳтиёткорона нигоҳ дошта мешаванд, таърихи Тоҷикистонро аз солҳои 60-уми асри Х1Х то ин замон дар бар мегиранд. Ҳоло номи расмии ин муассиса Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чунин корҳоро ба сомон мерасонад:
-ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ;
-амалигардонии баҳисобгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ;
-сохтан ва мукаммал кардани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ва махзанҳои маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонӣ;
-иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
-истифода ва нашри ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
-ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ, ҳуҷҷатшиносӣ ва археография, ҷорӣ кардани технология ва малакаҳои пешқадам дар кори бойгонӣ;
-ҳамчун маркази илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ;
-расондани ёрии методӣ ба филиалҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаҳои бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои таҷдидгардида ва ё ба дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, суд ва корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дохил мешаванд.
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳофизони асосии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати бо ҳуҷҷатҳои дорои арзишҳои илмию таърихӣ ғанӣ гардондану қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ва татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сол аст, ки дар муҳофизати ганҷинаи бебаҳои санаддории миллат хидмат менамояд. Кормандони он дар тӯли ин солҳо роҳу пайраҳаҳои пурпечутоби ҳаёти сиёсии кишварамонро сарбаландона тай намуда, барои нигоҳдории ин боигарии нодиру арзишноки ҳуҷҷатии миллат кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд.
Дар ин рӯзи ҷашн таърихи бойгониҳои ҷумҳуриро пеши назар оварда, номҳои С.М. Казачкин, В.Р. Чейлитко, Д.С. Фанян, А.И. Кошелева, В.А Рудницкий, Ҳ.Н. Неъматуллоев, А.К. Қаҳҳоров, З. Дӯстмухамедов, Ҳ. Мирзоева, Ш. Нӯъмоновна, Д.Мирсаидовна, Лангарӣ Ҷамила Салмонро ба забон мегирем. Ин шахсони накуном дар таъсису рушди Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд. Мо имрӯз ба асосгузорони кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ ба муносибати 90-солагии Бойгонии марказиамон изҳори сипос намуда, сари таъзим фуруд меоварем. Бахусус, нақши калони Ҳ.Н. Неъматуллоев ва А.Қ. Қаҳҳоровро дар беҳдошти кори бойгонӣ қайд кардан ба маврид аст. Бо роҳбарии бевоситаи онҳо ин махзани ҳозиразамони дорои таҷҳизоти махсус сохта шуд. Корҳое, ки онҳо дар ин ҷода анҷом додаанд, барои кормандони имрӯзаи бойгонии марказӣ ҷиҳати идома додани беҳтарин анъанаҳои ҳифзи арзишҳои гаронбаҳои миллат ибратбахш мебошанд.
Мо, инчунин, ба собиқадорони Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.А. Спевак, Л.Қ. Гармакова, Н.И. Герцман, В.Г. Голикова, М.О. Шокирова, Л.А. Ворошилова, М.М. Бозорбоева, Г.Г Нурматова, К.А Гребникова, А.М. Фёдорова, Д.М.Муҳаммадиева, Л.М. Баландина, Л.И. Иванюк, Т.П. Миронова, Л.П. Жижинова, И. Акрамов, Шокирова ва бисёр дигарон, ки бо меҳнати дарозмуддату ҳалоли худ дар рушди Бойгонии марказ ҳиссаи шоиста гузоштаанд, таҳсину офаринҳо мехонем.
Итминон дорам, ки аҳли заҳмати ин даргоҳи муқаддас-макони нигоҳдошти ҳуҷҷату санадҳои таърих аз таҷрибаи ибратбахшу ғании саромадони заҳматкаши бойгонии ҷумҳурӣ бархурдор гардида, минбаъд ҳам бо садоқати комил ба муҳофизати ин ганҷинаи бебаҳои миллату давлат бо ҳиммати баланд баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолият ва 90-солагии таъсиси Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваашонро равона месозанд.


.
Т. Расулов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии
“Бойгонӣ”, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Ҳисор
Рустам Обидов узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии
“Бойгонӣ”, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Ҳисор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: