Саодати миллат аз Ваҳдат аст.19-06-2017, 10:09
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша-чорабинии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Соли ҷавонон ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Лангарӣ Ҷамила Салмон роҳбари гурӯҳ, сардори Саридораи бойгонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазон Назариев профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Маҳмадюсуф Назуруллоев, директори бойгонии шаҳри Ваҳдат, Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, муовини раиси шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ , аъзои Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Дуконӣ», «Пули Сангин», «Нурафшон» ва ҷамъ бо 340 нафар фаъолон, зиёиён ва ҷавонону занон кормандони корхонаю муассисаҳо, вохӯриҳо доир гардид. Дар вохӯриҳо, гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лангари Ҷамила Салмон, Назариев Рамазон, Назуруллоев Маҳмадюсуф, Қумриниссо Гулмуродзода, Ҳасанзода Шаҳло дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ рамзи ягонагист», «Ваҳдати миллӣ-кафили сулҳи Тоҷикистони азиз», «Саодати миллат аз Ваҳдат аст», «Ваҳдати миллӣ, худшиносии миллии ҷавонон ва ифтихори ватандорӣ», «Шукрона аз Ваҳдати миллӣ бояд кард» суханронӣ намуданд. Фаъолон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, ба мардуми ваҳдатофари шаҳри Норак баҳри 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ таманниётҳои нек карда, ба гурӯҳи корӣ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чунин вохӯриҳои судманд арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Чунин вохӯриҳо аз тарафи гурӯҳи таблиғотии ҳизби шаҳрӣ, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мунтазам доир гардида истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.