Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили ҷашн дар ТИ «Бойгонӣ»

Таҷлили ҷашн дар ТИ «Бойгонӣ»

10-03-2016, 17:38
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили ҷашн дар ТИ «Бойгонӣ»
Дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гашт, ки дар он Сайдалӣ Асоев-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Сафар Нурмаҳмадов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд. Дилором Мирсаидова, сардори муассисаи номбурда оид ба марҳилаҳои рушду такомули Артиши миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфт, ки Артиши миллӣ тӯли даврони соҳибистиқлолӣ аз шароитҳои нокофӣ то ба як артиши пурқудрату неруманд мубаддал гаштааст. Дар давоми фаъолияти хеш роҳи пурпечутобу мураккабро тай намуда, ба дастовардҳои бузург комёбу мушарраф гаштааст. Низомиёни артиш дар фаъолияти хеш ҷавонмардиву ҷасорати азим нишон дода, барои марзу буми кишвар ҷоннисориҳо намудаанд, ки таърих корнамоиҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Сайдалӣ Асоев ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» баҳои хуб дода, иштирок ва саҳми онҳоро дар маъракаҳои сиёсии кишвар тавсиф намуд. Маҳз тавассути кори хуби чунин ташкилотҳо ноҳия дар маъракаи интихоботи вакилон, дар иштирок ва овоздиҳии интихобкунандагон дар пойтахт ҷойи аввалро гирифт. Имрӯзҳо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хизмати бузургеро ҷиҳати ҳифзи арзишҳои таърихӣ анҷом медиҳад, ки барои насли навраси имрӯзу оянда хеле муҳим аст.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ шеъру саҳначаҳо қироат ва намоиш дода шуд, ки мазмуни ватандӯстиву ватанпарварӣ доштанд. Ҳамчунин наворҳои таърихӣ роҷеъ ба таъсисёбии Артиши миллӣ ва фаъолияти он намоиш дода шуд. Инчунин суратҳои қадимиву таърихии сарбозони тоҷик дар намоишҳои ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои хизмат аз солҳои 1939 то имрӯз ба маърази ҳозирин пешкаш гардида буд.
С. Зуҳра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: