Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Тошканд онҳоеро, ки аз ИМА баргаштанд, ҳабс карданд

Дар Тошканд онҳоеро, ки аз ИМА баргаштанд, ҳабс карданд

22-02-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тошканд онҳоеро, ки аз ИМА баргаштанд, ҳабс карданд
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 14 сокини маҳаллаҳои Ракат, Салом чойхона, Себзор ва Ҷар Ариқро ҳабс карданд.
Аксари ҳабсшудагон ҷавононе ҳастанд, ки пештар дар ИМА ва кишварҳои дигар дар муҳоҷири меҳнатӣ буданд. Ҳамаи ин ҷавонон дар робита доштан бо ҷараёни динии "Салафия" айбор мешаванд.

Хешовандони боздоштшудаҳо мегӯянд, ин ҷавонон дар ибтидо 15 рӯз ҳабс шуда буданд, вале баъдтар нисбати эшон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бархеи онҳо 3 сол пеш аз хориҷ ба Ӯзбекистон баргаштаанд ва бархеашон чанд муддат пештар.

Дар Ӯзбекистон боздошти сафаркардаҳои хориҷ моҳи ноябри соли 2015 шуруъ шуд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки аз маҳаллаҳои шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд бештар аз 200 нафар боздошт шудааст.

Нозирон мегӯянд, ҳабси 14 шаҳрванд низ идомаи боздоштҳои оммавӣ дар Ӯзбекистон аст. Фарқи ягона ин аст, ки пештар боздоштшудаҳоро дар робита боштан бо Давлати исломӣ айбдор мекарданд, ҳоло дар "салафигароӣ" муттаҳам мекунанд.

Нозирон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки бархе аз боздоштшудаҳои соли гузашта зидди дигарон шоҳид шуда бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: