Дар Ӯзбекистон дар бораи “Фоҷиаи баҳри Арал” маркаи почта нашр шуд13-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Дар ин бора ширкати саҳҳомии “Почтаи Ӯзбекистон”, ки ин маркаро тавлид кардааст, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки маркаи “Фоҷиаи баҳри Арал” бо машварати Иттиҳоди ҷаҳонии почта ба мавзӯи “Коҳиши хатари ҳодисаҳо” бахшида шудааст. Дар ин марка фоҷиаи муҳитзистии баҳри Арал инъикос ёфтааст. Дар замима бо хати лотинӣ “Коҳиши оқибатҳои фоҷиаи муҳитзистии баҳри Арал” навишта шудааст. Ин марка бо миқдори 7 ҳазор нусха нашр шудааст. Ба ин марка шумораи шиносоӣ дода шуда, арзишаш муайян гардидааст. ©И.ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.