Сокинони Норакро барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ ҷазо доданд19-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди парвандаи барафрохтани парчами “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар шаҳри Норак тавассути гурӯҳи ҷонибдори ин созмони террористӣ ҳукми худро содир кард.
Хабар дода мешавад, ки ҳар яке аз 13 мутаҳҳам дар содир кардани ҷинояти вобаста ба даъвати оммавӣ барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои оммавӣ барои анҷоми фаъолияти ифротӣ ва ташкили созмони ҷиноятӣ айбдор дониста шуда, аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шудаанд. Таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ охири моҳи гузашта анҷом шуда буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта хабар дод, ки 13 сокини шаҳри Норак боздошт шудааст. Онҳо ба нишони садоқат парчами сиёҳи ин созмонро дар маркази шаҳр овезон кардаанд. Ҷавонтарин нафари боздоштшуда бо ин айб 21 сола ва калонтаринаш 74 сола аст. Ба иттилои ниҳодҳои интизомӣ, 13 сокини шаҳри Норак тавассути интернет бо як ҷангии тоҷики ДИИШ бо номи Юнус шинос шуда, барои намоиши садоқати худ ба ин созмони террористӣ парчами сиёҳи онро дар маркази шаҳр овезон карданд. Давлиё Саидов, яке аз боздоштшудаҳо ҳангоми бозпурсӣ иқрор шудааст, ки бо дастури Юнус дар Душанбе матои сиёҳ ва ранги сафед харидорӣ кардааст. “Юнус талаб дошт, ки баъд аз барафрохтани парчам, мо онро аккосӣ карда ва суратҳоро барояш фиристем”, - гуфт вай. “Нахуст чизе пайхас намекардам, аммо ҳоло фикр мекунам, ки моро ҷоду карданд”, - гуфтааст Давлиё Саидов. Хешовандони маҳкумшудаҳо ҳукми додгоҳро беадолатона медонанд, зеро суд ин нуқтаро ба инобат нагирифтааст, ки онҳо парчами ДИИШ-ро бо хоҳиши худ ва барқасдона овезон накардаанд. Пеш аз ин додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки низ парчами сиёҳи ДИИШ-ро дар маркази ноҳия барафрохта буданд, ба мӯҳлати аз 7 то 27 сол зиндонӣ кард. centralasian.org |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.