Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намоиши садоқат ба ормонҳои миллӣ маъракаи мавсимӣ нест

Намоиши садоқат ба ормонҳои миллӣ маъракаи мавсимӣ нест

12-03-2021, 13:18
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Намоиши садоқат ба ормонҳои миллӣ маъракаи мавсимӣ нест
“Фидокорӣ ба манфиати Ватану миллат ченак, мавсим, ҳудуд ва ҳаҷму миқдор надорад. Ва ба ягон музд, мукофоту ҳавасмандӣ муҳтоҷ нест”. Ин суханони ман нестанд, аммо куллан ин иқтибосро сармашқи фаъолиятам қарор додаам.
Ин суханони нависанда ва драмматурги Чех Ватслав Гавелро чанд сол пеш ба дафтарчаи кориям сабт кардам. На барои суханрониҳои тантанавӣ. Барои он ки ин эҳсосот умқи диламро ифода мекунанд.
Наслҳои солҳои ҳаштодум дар марзи ду сохтори ба ҳам муқобил ба воя расиданд. Басо ҳам мушкил буд, ки мавқеи хешро муайян намоянд. Аз ин рӯ, даҳҳо нафар бо роҳи хато рафтанд, бархе фавтидаву бархеи дигар ба Ватану миллат хиёнат карданд, фирорӣ ё ҳабс шуданд. Он гуруҳҳоро маломат намекунам. Дар зиндагӣ пайи ҳар иштибоҳ роҳи рост низ ҳаст. Ягон рӯз ин фирефтагон ба ҳақиқати зиндагӣ, ормонҳои миллӣ сарфаҳм мераванд: онҳое, ки фавтиданд, подоши аъмолашон буд, онҳое, ки хиёнату фирор карданд низ, ин ки беватананд, подоши аъмол мегиранд.
Ҳадаф аз ин чанд ҷумла насиҳати касе нест. Синну сол ва собиқаи ками зиндагӣ имкон намедиҳад. Аммо ба худ ҳақ медиҳам, бо сабақе, ки аз мактаби давлатдориву сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтаам, ифтихор кунам. Зеро дар мисоли фаъолияти хеш дидам, ки ин мактаб ба ҷавонон барои ширкат дар идоракунии давлат, намоиши истеъдод, ташаккули ақлу хирад, рушди малака ва маҳорат роҳи васеъ кушодааст. Солҳои тӯлонӣ дар мақомоти қудратӣ фаъолият доштам. Ба хотири ободонии диёр ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат қарор додам, ба диёрам, ки як пораи Тоҷикистони соҳибиститиқлол аст, хидмати бештар кунам. Аз ин рӯ, дар интихоботи маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ширкат варзидам. Дар рафти пешниҳоди номзадӣ буданд афроде, ки мегуфтанд, нияту талошҳоям беҳуда аст, чун интихоботи шаффоф мавҷуд нест. “Нияти нек – нисфи давлат” гуфтаму аз тасмимам даст накашидам. Дар натиҷаи интихоботи шаффоф ва озод пирӯз шудам. Ҳамаамон шоҳидем, ки интихоботи соли 2020-и вакилони мардумӣ чӣ хел гузашт. Он намунаи беҳтарини интихобот дар ҳудуди пасошӯравӣ пазируфта шуд. Ва ҳам дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи амнтарин маъракаҳои сиёсӣ маҳсуб гардид, чун бори аввал буд, ки неруҳои ифротгарову террористӣ дар он ҳузур надоштанд ва дахолат карда натавонистанд (охирин маротиба қаблан аз он ки даст ба табаддулоти низомӣ зананд, дар интихоботи парламентии соли 2015 ширкат карданд).
Ҳамин шуду акнун сазовор ва содиқона ба хидмати мардум ва миллат камар бастаам, бо дастгирии умум, фаъолияти вакилиро амалӣ менамоям. Дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи вилоят мушкилот ва арзу ниёзи мардумро мерасонам.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо сарварии раиси вилоят Ёдгор Файзов вакилони ҷавонро ҳамаҷонибаву пайваста дастгирӣ менамояд. Барои ҳаллу баррасии пешниҳодҳо ташаббуси шахсӣ нишон медиҳад.
Дар сатҳи ноҳия низ айни ҳамин ҳолат аст. Раиси ноҳияи Рӯшон Фарух Додихудоев пайваста бо намояндагони мардумӣ ҳамкорӣ карда, барои ба мардум расонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҳалли масоили рӯзмарраи сокинон ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад.
Аз аввалин рӯзҳои интихоб шуданам ба ҳайси намояндаи мардумӣ мушоҳида намудам, ки мақом ва эътибори вакилони халқи вилояту шаҳр аз нав барқарор шудааст. Мардум ба мо эътимод доранд. Тавассути робитаи қавӣ бо интихобкунандагон ширкат дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва идоракунӣ афзудааст. Иқдомоти шаҳрвандӣ, лоиҳаҳои беҳбудии некуаҳволии мардум ва ташаббусҳои неку созанда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда, дастгирӣ меёбанд.
Дар рафти мулоқотҳо бо интихобкунандагон дарк кардам, ки мардуми ноҳияи Рӯшон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимонаву якдилона дастгирӣ намуда, баҳри шукуфоии Ватан ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Аксари сокинон изҳор медоранд, ки бахусус ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба кишоварзон рӯҳбаландии беназирро ба вуҷуд овард. Сарвари давлат дар Паёми имсола муждаи нек расонданд: “Пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд”. Агарчанде маблағи солонаи он беш аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад, ин аз дастгирии беғаразонаву дилсӯзона, имтиёз ва муҳаббати самимии Пешвои миллат ба кишоварзони ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Таҷрибаи вакилӣ нишон дод, ки мардуми деҳот барои ободонӣ ва бунёдкорӣ куллан ҳавасманд ҳастанд. Масалан, бо ҳамдастии мардум нақшаи ободонии ҷамоати деҳоти Муъминшо Абдулвасиев ва деҳаҳои Вамду Дерушони ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додихудоевро таҳия намуда, барои иҷрои он ба як қатор идораву вазоратҳо мулоқотҳо доир кардем. Аз фурсат истифода бурда, миннатдории самимии мардуми ноҳияи Рӯшонро ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Қосим Роҳбар, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ва дигарон, ки воқеан, аз дастгириву саҳмгузорияшон баҳраманд гаштаанд, ирсол менамоям.
Дар тӯли фаъолияти яксолаам ба хулосае омадам, ки беҳтар аст, ба қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ оид ба мақом ва салоҳияти вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, ваколати вакилони маҳаллӣ бештар шавад. Ҳамзамон, барои фаъолияти вакилӣ ҳавасмандиҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд, то онҳо тавонанд барои боз ҳам ба мардум наздиктар будану дар якҷоягӣ амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти бештар дошта бошанд.
Дастовардҳои сисолаи Тоҷикистон беҳад зиёданд. Ин дастовардҳо хеле хоксорона ба ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Дар ин самт мо бояд аз ҳамаи воситаҳо васеъ истифода барем. Масалан, бо саъю талоши Пешвои миллат шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Хоруғ - Қулма кушода шуд, вале таблиғот ва ташвиқот дар ин шоҳроҳ махсусан айёният кофӣ нест. Коршиносони финландӣ собит карданд, ки таблиғот ва реклама дар роҳ ва таваққуфгоҳҳо баробари рекламаи садову симо таъсир доранд. Зеро одамон дар мусофрат ба ҳама чизи сари роҳ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Нуктаҳои истироҳатии сарироҳ ба дастигирии давлат ниёз доранд. Барои ободонии ин нуқтаҳо барои сайёҳону меҳмонон шароити мусоид фароҳам нест. Аз ин рӯ, бояд барои нуқтаҳои истироҳатии сари роҳҳо маблағу дигар воситаҳои техникӣ ҷудо гардиданро мувофиқи мақсад мешуморам.
Ҳоло дар ин роҳ мавзеъҳои фараҳфизое, чун Пшихарв, Қалъаи Хумб, Роғак, Даштак, Қалот ҷойҳои дамгирии мусофирону меҳмонон аст. Нависандаи маъруфи булғор Иордан Милев солҳои 80-ум гуфта буд: “Ба биҳишти афсонавӣ бовар надорам, аммо обҳои мусаффо, ҳавои салқини тоза ва катҳои бағали куҳи мавзеи Қалот маро ба биҳишти заминӣ мӯътақид месозад”. Ба ин эътирофу эътимод бояд эҳтиром гузорем. Дар ин самт Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдастии ширкату корхонаҳо корҳои сармоягузориву ҳавасмандиро ба роҳ монанд.
Маъмулан, пирони рӯзгордида мегуфтанд: “Касе, ки кор мекунад, роҳи кор меҷӯяд. Танбалон баҳона меҷӯянд”. Барои ободии Ватани азизамон ягон кишвар абарқудрати хориҷӣ ғамхорӣ нахоҳад кард. Илоҷи кор ва пешравӣ дар дасти худи мост.
Сӣ соли роҳи Истиқлоли мо ҳамвор набуд. Вале бо шуҷоату мардонагии Пешвои миллат ин сарвати бебаҳои маънавӣ насиби мо гардид. Ин сарватро ҳифзу афзун намуда, ба наслҳои баъдӣ кишвари муттарақӣ ва шукуфоро мерос гузорем.
Дуруст аст, ки монеаҳое, аз қабили пандемия ва буҳронҳои молиявӣ ҷаҳонро дар ҳолати ногувор гузошт. Ин ҳама муваққатиянд, фикр мекунам, ягон монеа ва буҳрон азму мароми созандагии мардуми моро боздошта наметавонад.

Ифтихор ОЛАМОВ,
вакили маҷлиси вакилони
халқи ВМКБ аз ноҳияи Рӯшон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: