
Якуми марти соли равон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ташаккули давлати миллии мо аҳамияти муҳим дошта, аз ҳар фарди солимфикри ҷомеа, бахусус, шаҳрвандоне, ки ба синни муқарраркардаи қонун расидаанд ва ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд, маданияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ самаранок истифода намуда, вакилони арзандаро дар ин чорабинии сатҳи баланди давлатӣ интихоб намоянд.
Қобили қайд аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
Дар асоси муқаррароти моддаи 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон» интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, ки овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ пинҳонӣ мебошад. Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон тибқи қонунгузории кишвар манъ карда шудааст.
Тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, нозирон аз як қатор давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон ширкат меварзанд ва рафти интихоботро бевосита назорат менамоянд. Дар интихобот, инчунин, намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд ва рафти тайёрӣ ва гузарондани интихоботро инъикос менамоянд.
Акобиршо Тулохов,
устоди кафедраи бемориҳои
сироятии ДДТТ ба номи А.Сино