Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБОТ-2020. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд

ИНТИХОБОТ-2020. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд

1-03-2020, 16:30
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБОТ-2020. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 млн 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд. Дар ин бора Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. 75,1 % овоз додани интихобкунандагон аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Раванди овоздиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 участкаҳои интихоботӣ идома меёбад.

Бино ба маълумоти Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.

Доир ба ҷараёни овоздиҳӣ имрӯз, 1 март мустақиман соати 18 низ хабар дода мешавад.

Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 18:00 пешниҳод мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: