Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Меҳвари аслӣ халқ аст

Меҳвари аслӣ халқ аст

2-03-2020, 11:00
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
 Меҳвари аслӣ халқ аст
Субҳ барвақт озими ҳавзаи интихоботии № 24 ноҳияи Исмоили Сомонӣ шудам, ки он дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҷойгир шуда буд. Саҳни мактаб идона оро дода шуда, хеле зебо ба назар мерасид. Тоблуҳои рангоранг, шиору овезаҳо ва интихобкунандагони зиёде равуо доштанд. Дар даромадгоҳи таълимгоҳ бо сарвари он Мухбира Аюбӣ вохӯрдам ва хоҳиш намудам, ки маро бо раиси Ҳавзаи интихоботии № 24 Зебо Сафарова шинос намояд. Баъди шиносоӣ бо Зебо Сафарова аз ӯ пурсон шудам, ки чанд сухан дар бораи рафти интихобот маълумот диҳад.
- Маъракаи интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳавзаи мо бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, аз соати 6-и субҳ оғоз гардид.Тавре ки шумо дида истодаед, мардум бо рӯҳияи баланд овози худро ба тарафдории вакили арзанда дода истодаанд. Интихобкунандагон хеле фаъоланд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони мо пурмасъулияти худро зоҳир намуда истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин пеш аз ҳама самараи фазову муҳити созанда ва ҳамдигарфаҳмии мо, натиҷаи сиёсати ваҳдатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, -гуфт З.Сафарова
Дар ҳавзаи интихоботии №24 тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот, тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шудаанд. Ин маъракаи сиёсӣ дар фазои озод баргузор шуда истодааст ва то соати 9:00, зиёда аз 20 фоиз интихобкунандагон овоз доданд.
- Иштироки фаъолонаи мардум аз он дарак медод, ки корҳои таблиғотию ташвиқотии пеш аз интихоботӣ хуб гузаронида шудаанд. Ба назар чунин мерасид, ки интихобкунандагон эҳсос мекунанд, ки иштироки онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз қарзҳои шаҳрвандияшон ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъала дар Паёми имсолаи Роҳбари давлатамон ба таври хеле муъҷазу мантиқӣ баён гардида, аҳамияту арзиши он аз чандин дидгоҳ баррасӣ гардидааст.
Мо бо чанд тане аз шаҳрвандон атрофи масоили дар болу зикр гардида ҳамсуҳбат шудем.

Саидшо Носиров, табиб

- Интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ як қисми муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлат мебошад. Ин аз ҳамаи мо, шаҳрвандон тақозои онро дорад, ки нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гарави пешрафти ҳамаҷонибаи ватани маҳбуби мо мебошад.
Рухсора Сафарова, омӯзгор
- Меҳвари аслӣ дар тамоми кишварҳои демократӣ халқ аст ва бо такя ба марому ниёзҳои пешгузошташудаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ собит гардид. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро мебинад. Яъне, ин мавқеъ ва меҳварро пеш аз ҳама Конститутсияи кишвари мо муайян менамояд, ки ин нуқта низ ба таври хеле сареҳу возеҳ дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат қайд гардид: «Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд».
Муҳаммадшариф Раҳматуллоев- рӯзноманигор
Ман ҳамчун рӯзноманигор гуфтаниям, ки интихоботи имрӯзаи вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ростои шафофияту ҳаққоният ва дар рўҳияи демокративу озод баргузор шуда истодааст. Ин мазмунро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонхеле хуб таъкид карда буданд: «Дахолат ба комиссияҳои интихоботи манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд».
Ифтихор аз он дорам, ки ман ҳамчун як фарди тоҷик номзадеро, ки дар интихобот арзанда донистам ва шояд овози ман барояш ҳалталаб гардаду дар оянда ҳамчун вакил ба халқу давлат хизмат кунад. Дар навбати худ мо ҷавонон низ кӯшиш менамоем, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ гардонем.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: