Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» оғоз ёфт

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» оғоз ёфт

10-03-2021, 12:04
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» оғоз ёфтБахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 то 13 март бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ доир мегардад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Ҳафтаи мазкур дар ҳошияи таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи маърифати экологӣ заминагузор мебошад. Он инчунин дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдомҳои созанда ва ташаббускории ҷавонон сурат мегирад.

Мақсад аз баргузории Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ бештар доир намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ буда, тасмим гирифта шудааст, ки бо ҷалби васеи ҷавонон, волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» амалҳои созандагиву оммавӣ роҳандозӣ шуда, атрофи биноҳо ва соҳили рӯду дарёҳо аз партовҳо тоза карда шаванд.

Ба зикри Дилноза Аҳмадзода, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат 30 ҳафтаи созандагиву бунёдкорӣ доир шуда, дар чаҳорчӯби он баргузории 30 маъракаи оммавӣ, ташаббускорӣ ва фароғати ҷавонон дар назар дошта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: