Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Лоиҳаи ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ муаррифӣ гардид

Лоиҳаи ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ муаррифӣ гардид

12-10-2016, 09:14
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Лоиҳаи ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ муаррифӣ гардид


Бо мақсади рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, босамар ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиб, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати экологӣ, нақш ва фаъолнокии шаҳрвандон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Хуљанд Шарифзода Шариф Файз муаррифии лоиҳаи “Харитаи ҷойгиршавии интерактивии қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасрафи корношоям, макони оббозӣ (пляж) ва био-ҳоҷатхонаҳои шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.
Дар оғоз Директори генералии ШТРР «Тирози ҷаҳон» ва роҳбари лоиҳаи мазкур Хуршед Ӯлмасов лоиҳаи мазкурро муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, мақсади лоиҳа – ин ҳамкории ВАО бо аҳолӣ ва сохтору идораҳои дахлдори Мақомоти маҳаллӣ буда, барои иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон ва тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст.
Лоиҳа ҳамзамон ба наздиксозии хадамоти масъули мақомоти давлатӣ барои берун баровардани партов ва нигаҳдории дурусти контейнерҳои партовпартоӣ, тозагии ҳудуд ва муҳити зист аз ҷониби сокинони микроноҳияҳо ва маҳаллаҳо инчунин огоҳии иттилоотӣ ва баландбардории маърифати экологии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Мувофиқи лоиҳаи мазкур ташкил намудани “Минтақаи сабз” дар шаҳр, ба навъҳо ҷудокунии партов ташкили монеаи иттилоотӣ барои пешгирии партов дар ҷойҳои муқаррарнагардида мебошад.
Дар асоси ин лоиҳа пешбинӣ гардидааст,ки муайян кардани вазъияти кунунии ҷойгиршавии қуттиҳои партов дар маҳаллаву микроноҳияҳо, шумора био-ҳоҷатхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳои умумӣ, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф ва ҷадвали кори нақлиёти партовкашонӣ мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва чанд нафар аз ҷамъомадагон ба роҳбари лоиҳа Хуршед Ӯлмасов вобаста ба амалишавии лоиҳа саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас ва қаноатманд гирифтанд. Зикр гардид, ки мӯҳлати амалишавии лоиҳа 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои мақсадноки лоиҳа фаро гирифта хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: