Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАН НАМОЁНГАРИ ПОКИЮ ЧАШМАИ БАХШИШ АСТ

ЗАН НАМОЁНГАРИ ПОКИЮ ЧАШМАИ БАХШИШ АСТ

9-03-2021, 11:49
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
ЗАН НАМОЁНГАРИ ПОКИЮ ЧАШМАИ БАХШИШ АСТ
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон


Зан мавҷуде ороста ба асрор ва муъҷизоти фаровон аст ва зиндагии инсон дар сояи пайгирии ин муъҷизот қарор дорад. Маҳз бузургии зан аст, ки қонуни хонаводагии мо ҳамеша гарму рушан аст.
Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани истиқлолият нуфузу мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, махсусан, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо ворид намудани тағйироту мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шуд ва яке аз ҷойгоҳҳои намоёнеро дар ҷомеа касб намуд.
Кодекси оила, ки 13 ноябри соли 1998 бо тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ ва ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар замони нав қабул гардид, меъёрҳои муҳимро, ки қаблан ба қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос карда, дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ва устувории он пешбинӣ намуд, ки муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон ва дигар аъзои оила ба эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, озод будани оила аз дахолати шахсони сеюм, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар, инчунин, имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбанд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви он дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид, ки дар раъси он Зан-Модар қарор дорад.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан, занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ватани азизамон саҳми шоистаи худро гузоранд. Бидуни иштироки занон рушди ҷомеа дар ҳама самтҳо якнавохту якранг буда, буданашон дунёи зеборо боз ҳам зеботару рангинтар мегардонад. Беҳуда нест, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳтарин суханҳоро дар ҳаққи зан гуфта ва ӯро чунин тавсиф намудааст: “Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

АКРАМЗОДА Муҳаммад Юнус,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: