Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъсиси Маркази «Ҳимояи Оила»

Таъсиси Маркази «Ҳимояи Оила»

3-11-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 677 нафар
Назарҳо: 0
Таъсиси Маркази «Ҳимояи Оила»Оила сарвати бебаҳои ҷамъият буда, маҳз дар оила инкишофи шахсияти инсон оғоз мегардад.

Мавқеи оила дар тарбияи фарзанд бисёр муҳим буда, муносибати дӯстии падару модар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории онҳоро дар ин самт таъсиргузор аст. Муносибати ғамхоронаву меҳрубононаи волидон инкишофи фарзанд ва дунёи маънавии ӯро рушд медиҳад.

Мардуми соҳибтамаддуни Шарқ дар бунёди оила дорои одобу ахлоқи махсуси миллӣ мебошанд. Дар асл одоби оиладорӣ, масъалаи нав набуда, он барои тамоми давру замон муҳим ба шумор меравад. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Зеро оила асоси пешрафти ҷомеа буда, тарбияи насли солим аз ин ниҳоди муқаддас вобастагии қавӣ дорад.

Дар мафҳуми оила ва оиладорӣ бори гарони тамоми соҳаҳо меғунҷад, ояндаи ҷомеаи солим аз насли солим аст. Модар мавҷуди одамофар аст. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба аҳамияти бузурги ин масъала изҳори ақида карда, таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди дастгирӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон проблемаҳои ҳалталаб дар ин самт ҳанӯз зиёданд». Бинобар ин, соли 2015-умро «Соли Оила» эълон доштанд ва ин ибтикори фарзонамарди бузург, ғамхору посдори миллат қобили дастгирии ҳамаҷониба гардид ва дар байни занону бонувони шаҳри бостонии Хуҷанд ҳам ҳамовозӣ ва дастгирии гарму ҷӯшонро ба вуҷуд овард.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷроиши Фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3.02.2015 №352 дар бораи эълон шудани соли 2015 «Соли Оила» нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда, дар асоси он чорабиниҳои зиёдеро баргузор намуд.

Дар радифи баргузории чорабиниҳо ба ин муносибат ва тибқи иҷроиши Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020) оиди-тақвияти хизматрасонии машваратхонаҳои равоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои машваратӣ ба оилаҳо ва ба хотири пойдории оилаҳо, мустаҳкам ва устувор гаштани оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хушунати оилавӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва солим, бунёди оилаҳои хушбахт дар назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маркази «Ҳимояи оила» таъсис дода шуд.

Дар ин Марказ равоншиносон, ҳуқуқшиносон, пизишкон, аз ҷиҳати равонию ҳуқуқӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим ва мутахассисони дигар соҳаҳо аз ҷиҳати тайёр намудани ҷавондухтарон ва ҷавонзанони нав оила барпонамуда, ба оиладорӣ, омӯзонидани одоби муошират, банақшагирии буҷаи оилавӣ, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, омӯзонидани ҳунари кадбонугӣ кӯмак мерасонанд.

Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошад:
- тарбияи ҷавонон дар бунёди оилаи солим, пойдории оилаҳо, омилҳои асосии мустаҳкамии оила, сирри ҳаёти оилавӣ, қадри ҳамсарон, фаҳмонидани мафҳуми хушбахтона зистан;

- истифодаи васеъ ва самараноки дониш ва таҷрибаи ашхосони барӯманд, оилаҳои устувору намунавӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон ба оиладорӣ ва бунёди оилаҳои солим;

- ба ҷавонон омӯзонидани анъана, фарҳангу одоб ва маърифати оиладорӣ дар оилаи тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба либос ва таомҳои миллӣ;

- татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар;

- баргузор намудани конференсия, мусоҳиба, семинар, озмун, намоишҳои фарҳангию фароғатӣ;

- амалӣ намудани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»;

- баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба баргузории Маъракаи Иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ алайҳи хушунат»;

- ташкили Рӯзи қабули равоншинос:
а) ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе дар назди кумиҷроия қабули равоншинос ба роҳ монда мешавад.
б) ба ниёзмандон маслиҳатҳои ройгон дода мешавад.

- ташкили Рӯзи қабули ҳуқуқшинос:
а) ҳафтае ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа дар назди кумиҷроия қабули ҳуқуқшинос ба роҳ монда мешавад.
б) ба ниёзмандон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар ва волидону фарзандон аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда, оқибатҳои нохуши бе никоҳи давлатӣ бунёд кардани оилаҳо, муқаррар кардани падарӣ маслиҳатҳои ройгон дода мешавад.

- ташкили Рӯзи қабули пизишкони амрози занона ва тибби оилавӣ:
а) ҳафтае ду маротиба рӯзҳои душанбе ва шанбе дар назди кумиҷроия қабули пизишкони амрози занона ва тибби оилавӣ ба роҳ монда мешавад
б) ба ниёзмандон оиди аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сирояткунанда, маслиҳатҳои ройгон дода мешавад

Аз эҳтимол дур нест, ки мо бо ин васила ба пойдорию устувории оилаҳо замина мегузорем. Бигзор оилаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ осуда бошаду обод. Агар оила осуда бошад, ҷамъи ҷаҳон осуда аст.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: