Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАРБИЯТНОДИДА ТАРБИЯТГАР НАМЕШАВАД

ТАРБИЯТНОДИДА ТАРБИЯТГАР НАМЕШАВАД

9-02-2021, 14:30
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0

Муҳаммадиқболи Садриддин (Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович), ҷорчии ТЭТ ҲНИ, муҳаррири сомонаи «Ислоҳ.нет» аз 12 - солагӣ беватан шуда, имрӯз дар яке аз кишварҳои Аврупо ба қавле «сарпаноҳи сиёсӣ» ёфтааст. Ин «муҳаррир»-и ватанфурӯш, ки ғайр аз бадгӯӣ нисбат ба Ватан чизи дигарро ба забон оварда наметавонад, бо амри хоҷагони худ тӯтивор ба сиёҳ кардани давлат, сиёсатмадорону шахсиятҳои бонуфузи миллати тоҷик машғул аст. Воқеан, ӯ бо амри тақдир, аниқтараш, бо падари фитнаҷӯю хунхораш дар хоки бегона гуреза шуда, аз тарбияи тоҷикона дар канор монда, танҳо аз падари бадахлоқ ва пешвоёни ҷангҷӯю мардумозори ҲНИ тарбияву ибрат гирифтааст. Муҳити носолиме, ки дар он чунин сухангӯи ватанбезор ба воя расидааст, ғайр аз бадахлоқию мардумфиребӣ ва фитнаангезӣ чизи дигареро ба ӯ дода ҳам наметавонист.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар зоҳир ва дар сухан худро «марди порсою ҳақиқатҷӯ» вонамуд карда, дар асл роҳи фиребу фитнаро пеш гирифтааст. Як мисоли равшан ин аст, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сабаб ин аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо ваъдаҳои бардурӯғ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носихиддин Шарифовичро фиреб дода, дар маҷмӯъ 430000 доллар маблағро азхуд намудааст. Акнун ин ноҷавонмард бешармона даъвоҳои ҷабрдидагон ва ҳамаи далелҳоро қотеъона рад намуда, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд мекунад. Ҷои тааҷҷуб ҳам нест, зеро ӯ аз чунин «ҳунар» ҳамеша баҳра мебурд, аз аҳдшиканию виҷдонфурӯшӣ лаззат мебурд.
Муҳаммадиқболи Садриддин хиёнаткорест, ки ватанро фурӯхта, алами беномус шудани худро аз миллати тоҷик меситонад. Ба қавли рӯҳшиносон, ин касалиаш шояд дармон надорад, ки аз кори худ ин ватанфурӯш фахр дорад, чунин бадномӣ дар зиндагию фаъолияташро «роҳи ҳақ» меҳисобад, худро ситоиш карда, дигаронро таҳқир мекунад. Барои ӯ ва ҳаммаслаконаш ободии ватан, тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум муҳим ҳам нест. Ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, фитнаангезӣ дар байни мардум, сиёҳ кардани шахсиятҳои маъруфи миллат ва дар ниҳояти кор бо ҳар роҳ даст ёфтан сари қудрат аст. Онҳо дар қалби сиёҳи худ орзу мепарваранд, ки дар Тоҷикистони азизи мо «баҳори арабӣ»-ро имконпазир гардонанд.
«Баҳори арабӣ» ба давлатҳои Африқои Шимолӣ ва Осиёи Наздик чӣ дод? Мардуми ин кишварҳо, ки 10 сол пештар зиндагии нисбатан хуб доштанд, акнун мӯҳтоҷи пораи нон, сарсону гурусна, ноилоҷ тарки ватан карда, ба Аврупо муҳоҷират мекунанд. Ин кишварҳои ҷангзадаро худи хоинони дохилиашон бо дастур ва зару сими хоҷагони бурунмарзӣ ба ин аҳвол расониданд.
Ин ва дигар ҳолатҳои ҷаҳони муосирро ба мадди назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ такид намуданд, ки «хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд», «…фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд».
Дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор шудани ду маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик худогоҳу хештаншинос аст, ба қавле дӯстро аз душман фарқ мекунад, ба фардои дурахшон бовар дорад.
Зимнан бояд гӯем, ки террорист воқеан ватан надорад, онро ба «худӣ» ё «бегона», «хуб» ё «бад» ҷудо кардан нашояд. Нисбати террористон хайрхоҳӣ кардан ин хиёнат ба инсоният аст. Мутаассифона, баъзе давлатҳо, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи судмандро ба роҳ мондаанд, аз буҷаи худ ба ТЭТ ҲНИ – душманони миллату давлати мо кӯмаки молиявӣ мекунанд, ба онҳо сарпаноҳ медиҳанд. Албатта, чунин дурӯягии шарикони сиёсӣ нигаронкунанда аст, зеро бо ин амал онҳо амнияти мардуми кишвар ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро халалдор мекунанд. Вале онҳо бояд донанд ва эҳтиром гузоранд, ки «…Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26.01.2021).
Бояд қайд кард, ки пандемияи бемории сироятии коронавирус тамоми ҷаҳонро дучори буҳрон гардондааст ва соли ҷорӣ низ боқӣ мемонад. Вазъи ҷаҳони муосир ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад монд, зеро Тоҷикистон ҳам як ҷузви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бинобар ин, фитнаангезию мардумфиребии душманони миллати мо давом меёбад. Аммо матонати халқи тоҷикро онҳо ҳеҷ гоҳ шикаста наметавонанд, чун дафъаҳои қаблӣ, тири онҳо хок мехӯрад.

НАЗАР Муъмин,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент ИФСҲ АМИТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: