Сомонаи ифротӣ бо муассиси ноком9-02-2021, 14:34
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
Саркарда ва аъзову тарафдорони ТЭТ ҲНИ пас аз фирор аз Тоҷикистон кишварҳои аврупоиро макону фаъолияти худ қарор дода, такя ба ақоиди демократияи Аврупо ва идеологияи исломи радикалии Шарқ намуда, бо таъсис додани сомонаву телевизионҳои хусусияти ифротгаро дошта, дар шабакаи интернет даст ба амалҳои тахрибкорона мезананд. Имрӯз фаъолияти пардапӯшонаи тахрибии наҳзатиёни ифротӣ дар сомонаи интернетии “Ислоҳ.нет” (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) баръало мушоҳида мегардад. Муҳаммадиқболи Садриддин, баробари аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ буданаш, аз муассисони фаъоли сомонаи “Ислоҳ.нет” маҳсуб меёбад, ки маводи дар сомона ҷойдодашуда асосан таҳти муаллифии вай интишор мегарданд. Номбурда фарзанди Қаландари Садриддин, яке аз саркардагон ва узви фаъоли ТЭТ ҲНИ дар солҳои ахири асри ХХ мебошад. Падари М. Садриддин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даст ба куштори ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ, ходимони давлативу фарҳангӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ задааст. Пас аз шикасти наҳзатиҳо дар соли 1993 С. Қаландар бо дигар муассисону пайравони наҳзатӣ ба кишвари Афғонистон фирор мекунанд, ки он ҷо писараш - Муҳаммадиқболи Садриддин таълимоти динӣ-ифротгароӣ гирифтааст. Дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” М. Садриддин ва дигар роҳбарону фаъолони наҳзатиён ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ, тафриқаандозӣ, авомфиребӣ ва исломгароӣ ба шумор мераванд, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардии худ, камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, барои бадном кардани кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, кормандони воломақоми мақомоти қудратӣ, инчунин ходимони илму фарҳанги кишвар дар назди ҷомеа, маводи иттилооотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи мазкур расонаӣ намуда истодаанд. Аз амалу нақшаҳои саркардагону аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ аён аст, ки онҳо аз ибтидои фаъолияти ғайрирасмӣ ва расмии хеш барои ба даст овардани мансабу вазифа, нуфузи худ дар ҷомеа ва бунёди давлати исломӣ, арзишҳои миллии ватану давлати тоҷиконро бо афкору андеша ва манофеи бегонагон иваз намуда, тибқи нақшаи тарҳрезигардидаи хориҷиён фаъолияти тахрибкоронаашонро бо дастгирии моддиву маънавии онҳо пеш мебаранд. Ҳар фарди солимақли имрӯзаи кишвар хуб дарк намудааст, ки фаъолияти душманонаи ТЭТ ҲНИ, имрӯз асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз ва чопи мақолаҳои иғвоангез мушоҳида гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мардуми шарифи тоҷик ба сафсаттаҳои онҳо эътимод накарда, намегузоранд, ки ин нохалафон барои барҳам задани амният ва рушди ояндаи кишвар монеа эҷод кунанд. А.Салимов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.