Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад9-02-2021, 14:24
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар як кори бад оқибати нангину шармоваре пайи худ дорад. Ва ҳатман нафари бешарафу беномусро, ки пайваста даст ба амали бад мезанад, шармандаву расво мекунад. Тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” идомаи силсилафилми “Хиёнат”, намоиш дода шуд, барои ҳама маълум гашт, ки ашхосони хоин ва душманони миллат бо ҳар роҳу васила кӯшиш намуда истодаанд, ки ҳадафҳои палиду разили хоҷагони хориҷиашонро дар кишвари азизамон роҳандозӣ созанд ва фазои амну ороми кишварро барҳам зананд. Дар навори ба намоиш гузошташуда, бештар дар атрофи шахсияти Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари хоинаш Қаландари Садриддин, маълумоти муфассал дода шуд, ки падари ин умри худро дар роҳи қаллобӣ сипарӣ намудааст. Оқибати ҳаққи мардумро хӯрдан ва мардумро фиреб додан ба он оварда расонид, ки Қаландари Садриддин беномус гардидани фарзанди ҷигарбандашро дар зиндагиаш бо чашмони худ дид ва дар охири умр бемори дуру дароз ва бистарӣ гардида, дар ғурбат, дур аз хешу табор аз дунё гузашт. Айни замон фарзанди ин қаллоб ва хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин даст ба қаллобӣ зада, бо Ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкорӣ карда истодааст ва тамоми супоришоти хоҷагони хориҷиашро, ки ҳадаф доранд, сулҳу суботи кишварро барҳам зананд, тавассути сомонаи ифротиаш “Ислоҳ.нет” бе чуну чаро амалӣ намуда истодааст. Ин қаллоб ва хоини миллат, ҷойи он ки аз сарнавишти бади падараш дарси ибрат мегирифт ва аз корҳои бад канораҷӯӣ мекард, оташи ҳирсу тамаъи пулу мол ва сарват чашмони гуруснаи ӯро кӯр гардонид ва роҳи падари бенангу беномусашро идома дода истодааст. Мутмаинем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин низ ба мисли падараш хору зор гардида, дар зиндагӣ азобу машаққати зиёдеро паси сар мекунад. Чунки таҷрибаи зиндагӣ борҳо собит кардааст, ки шахси бадрафтору бадгуфтор ва хоин ҳаргиз ба муроду мақсади худ нарасидааст. Беҳуда, шоири маъруф ва нуктасанҷи тоҷик нагуфтааст: Ҳар кӣ бадӣ кард ба бад ёр шуд, Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд. Нуралӣ Собирзода
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.