Дар Кобул автомашинаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт10-02-2021, 12:53
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Ин ҳодиса субҳи рӯзи сешанбе (9.02.2021) дар Кобул рух дод ва автомашинаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки як автомашинаи ин вазорат рӯзи сешанбе дар Кобул ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифтааст ва дар он як тан аз кормандони ин вазорат кушта шудааст. Ба гуфтаи вазорат, таркиш дар минтақаи Микрорайони I дар маркази Кобул рух додааст. Хабарнома афзудааст, ки ин вазорат як бори дигар таъкид мекунад, ки «дар сурати коҳиш наёфтани хушунат ва барқарор нашудани оташбас, оқибат ва масъулияти чунин ҳодисаҳои ногувори террористӣ ва идомаи афзоиши хушунатҳо, мустақиман ба уҳдаи “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) ва ҳомиёни онҳо аст». Полиси Кобул мегӯяд, ки ин таркиш тахминан соати 9:20 субҳи рӯзи сешанбе дар минтақаи Микрорайони I ноҳияи 16 -уми Кобул рух дод ва автомашинаи хидматии ВКХ ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон”, масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст. Кобул рӯзи душанбе низ шоҳиди се таркиш буд, ки дар натиҷа як нафар кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.