
/АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул бар асари таркиш даҳҳо нафар одамон ҳалок шуда, беш аз 100 кас маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора агентии «Пажвок» хабар медиҳад.
Қаблан агентии мазкур бо истинод ба Вазорати тандурустии кишвар дар бораи 60 нафар маҷрӯҳшудагон хабар дода буд. Агентии «Associated Press» бо ишора ба мансабдорони Афғонистон хабар дод, ки дар натиҷаи ин таркиш 90 нафар кушта ё маҷрӯҳ гардиданд.
Таркиш субҳи имрӯз дар наздикии қасри президент ва бинои сафоратхонаҳои хориҷӣ рух дод. Аксари биноҳо хароб гардидаанд.
Агентии «Reuters» бо такя ба полис хабар дод, ки таркиш дар наздикии сафорати Олмон содир шуд. Мошини бо бомба муҷаҳҳаз таркидааст. Дар натиҷаи таркиш ҳамчунин бинои намояндагии агентии «Синхуа»-и Чин хисорот дидааст.