Дар Кобул бар асари таркиш як корманди полис ҷон бохт ва се тани дигар захмӣ шуданд3-02-2021, 16:20
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари таркиш як корманди полис кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии tolonews.com. Ба иттилои полиси Кобул, автомашинаи полис дар минтақаи Тангии Тарахили ноҳияи 15-уми Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа як корманди полис кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Полиси Кобул тафсилоти бештар дар бораи ин ҳодисаро ироа накардааст. Аммо манобеи амниятӣ изҳор намудаанд, ки автомашинаи мазкур ба Раёсати корҳои ислоҳотӣ тааллуқ дорад. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.