Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

17-12-2020, 14:00
Хабарро хонданд: 8322 нафар
Назарҳо: 1
ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” идома дорад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси ҲХДТ ва Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, аъзои раёсати ҲХДТ, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронеро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Ин нукта дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб низ баръало инъикос ётфтааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиѓи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарѓибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.
Дар ин раванд, бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” 10 даста, иштирок доранд. Феълан дастаи “Дастгоҳи КИМ ҲХДТ” дар гурӯҳи “А” ва дастаи “КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур” дар гурӯҳи “Б” пешсаф мебошанд.
Ба ѓолибон ҷом, медал, сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукот супорида мешавад.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzkpo 9 января 2022 20:34
Друзья, я последние несколько лет от слова совсем не смотрю ТВ Ящик!!! И считаю его Злом, так как вся информация преподносится так как нужно руководству страны. А мы это потребляем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые СМИ сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отбрасывайте нежелательные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
http://the-c.org/user/Serzdti/
http://babyrr.com/forum/User-bobyswifta2474
https://rstg.jesselton.edu.my/memberlist.php?mode=viewprofile&u=35893
http://rkbvl.ru/forum/profile.php?mode=viewprofile&u=14183
http://nytva.org/memberlist.php?mode=viewprofile&u=316507
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: