Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон пайрави пешвои миллат

Ҷавонон пайрави пешвои миллат

26-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон пайрави пешвои миллат
Дар асоси Нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз санаи 18-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии онҳо аз андешаҳои носолими иртиҷоӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат миёни ҷавонон, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди «Футболи хурд»-ро таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» миёни ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо ва донишҷӯёни донишгоҳу колеҷҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуд.

Мусобиқаи мазкур дар се давр баргузор гардида дар он 14-даста иштирок доштанд. Даври финалии мусобиқаи мазкур дар майдончаи варзишии Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гашта дастаи футболбозони маҳаллаи Бустон 1 сазовори ҷои 1-ум, дастаи футболбозони Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ сазовори ҷои 2-юм ва дастаи футболбозони маҳаллаи Дустии халқҳо сазовори ҷои 3-юм гаштанд.Дар ҷамбасти мусоба ғолибон бо Кубоку медал ва таҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдони карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: