Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи таъсисиёбии ҳизб

Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи таъсисиёбии ҳизб

10-12-2020, 10:28
Хабарро хонданд: 600 нафар
Назарҳо: 0
Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи таъсисиёбии ҳизб
Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи таъсисиёбии ҳизб


Ҳамсафони азиз!

Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи калидии он хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад, бисту шаш сол сипарӣ мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.
Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.
Ҳамин тавр, 26 сол муқаддам мо ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштем.
Дар давраи зикршуда робитаи ҳизб бо мардум сол ба сол тақвияту густариш ёфта, сазовори бовар ва эътимоди кулли сокинони кишвар гардидааст.
Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд.
Тайи солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.
Ҳизби мо ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион нафар аъзо, инчунин, ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.
Қобили зикр аст, ки ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун неруи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.
Дар барномаи ҳизби мо зикр шудааст, ки вазифаи он дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз он иборат аст, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Маҳз ҳамин ҳадаф бояд самти асосиву муҳимтарини фаъолияти мо дар давраи минбаъда бошад.
Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд.
Бори дигар ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори 26 –умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ самимона табрик гуфта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он азму неруи тоза ва комёбиву муваффақият орзу менамоям.

Муваффақу сарбаланд бошед, ҳамсафони гиромӣ!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: