Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷашн муборак!

Ҷашн муборак!

9-12-2020, 17:10
Хабарро хонданд: 473 нафар
Назарҳо: 0
Дар остонаи таҷлили 26- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба мақоми ҲХДТ дар ҷомеа суҳбат намуда, бо 26-умин солгарди таъсисёбии ҳизб аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро самимона табрик гуфтанд, ки манзури хонандагон мегардонем.
Мироҷ АБДУЛЛОЕВ, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Моҳи декабри соли 1994, дар авҷи ҳодисаву воқеаҳои мудҳиш дар ҷумҳурӣ падидаи сиёсие рух намуд, ки он таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Инак, аз он давра андаке беш аз чоряк аср сипарӣ гардидааст.
Ҳар як падида хоҳ фарҳангӣ бошад, хоҳ иҷтимоӣ ё сиёсӣ маҳсули вақт, давр ё замони муайянест. Аз ҷумла, ташкил ёфтани аҳзоби сиёсӣ низ.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳам дар ҳамин раванд по ба арсаи сиёсат гузоштааст. Инак, ба таъсис ёфтани ин ҳизб 26 сол пурра мегардад. Бисту шаш сол, яъне чоряк аср дар назди таърих ҳарчанд ки як фурсати кӯтоҳест, вале тайи ин муддати кӯтоҳи таърихӣ, ҲХДТ худро ҳамчун як ҳизби сиёсии умда дар ҷомеа муаррифӣ карда тавонист. Албатта, бо чанд далел. Аввалан ба он хотир, ки ҳадафҳои барномавии ин ҳизб ҳаётианд, на бофтаи тахаюлот. Яъне аз зиндагӣ гирифта шуда, барои пешрафту беҳбуди аҳли ҷомеа нигаронида шудаанд. Сониян, тайи чоряк асри мавҷудияти худ боре ҳам эҳсос нагардидааст, ки даст ба дасисае зада бошаду ба иѓвое шарик шуда бошад. Сеюм ва аз ҳама муҳим он аст, ки ин ҳизб таҳти сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал менамояд.
Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангину барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо вазнин тавлид ёфта, қадам ба қадам аҳли ҷомеаро баҳри тақвияти сулҳу густариши ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолияти давлатии кишварамон раҳнамун сохтааст. Дар ҳамин замина, дар байни сокинони саросарии мамлакат маҳбубият пайдо намуда, акнун ба он муваффақ гардидааст, ки баҳри дастовардҳои беш аз пешу бунёдкориҳои азим, оммаро низ аз паси худ бурда тавонад. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сернуфустарин ҳизби сиёсии мамлакат буда, дар парламенти кишвар низ нисбат ба ҳама аҳзоби сиёсии мамлакат, тайи солҳои мавҷудияташ, мавқеи асосиро соҳиб мебошад.
Воқеан, дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои сиёсии дигар ҳам ҳастанд, ки имрӯз мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро озодона ба роҳ мондаанд. Ба андешаи ман, ҳама аҳзоби сиёсии дохили кишвар як ҳадаф доранд: ободиву озодии Ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлол!
ҲКТ аз нигоҳи мо – коммунистон бо ҲХДТ шарики сиёсӣ мебошад. Зеро ҳадафи оинномавии Ҳизби коммунистӣ – тозагии сафҳои он аст. Он чи ки аҳдофи оинномавии ҲХДТ мебошад. Ҳадафи барномавии ҲКТ – саҳмгузор будан дар ободии кишвар, тақвияти сулҳу субот, густариши ваҳдати миллӣ, муқаддас донистани истиқлолияти давлатӣ ва талқини адолати иҷтимоист, яъне он чизе, ки мақсаду муҳтавои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо ҲХДТ-ро на “рақиб”, балки “шарик”-и худ медонем.
Мо бо ҲХДТ ҳамкориҳои зич дорем. Дар сатҳи ҷумҳурӣ раиси ҲКТ дар баробари дигар роҳбарони аҳзоби сиёсӣ узви Шӯрои ҷамъиятии ваҳдати миллист. Ин худ яке аз ҳамкориҳои дастаҷамъона мебошад. Сониян, кумитаҳои ҳизбии мо дар маҳалҳо низ бо кумитаҳои ҳизбии ҲХДТ ҳамкорӣ дошта, аз фаъолияти якдигар огаҳӣ доранд.
Умуман, мо бо дигар аҳзоби сиёсии кишвар ҳам ҳамкорӣ дорем. Маъракаҳои муҳимми сиёсие, ки мо аз сар гузаронидем, махсусан интихоботи президенти ҷумҳурӣ, моро водор намуд, ки дар ҳамдастӣ баҳри пешрафти ҷомеа ва бунёдкориҳои азим ба муваффақиятҳои бештар ноил гардидан мумкин аст. Зеро аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо танҳо як ҳадаф муайян буд: беҳбудии зиндагии аҳли ҷомеа ва ободии Ватан!
Дар ин лаҳзаи муносиб, бахшида ба 26- солагии ҲХДТ роҳбарияти олии ҳизб ва кулли аъзову тарафдорони ҳизбро самимона табрик намуда, дар кору пайкорашон барору муваффақият хоҳонам.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Дар тӯли қарнҳои гуногун фарзандони фарзонаи миллат, равшанзамирону хирадпешагон, гурӯҳҳои гуногун, ҷараёнҳо барои бунёд кардани давлати адолатхоҳона талош намуда бошанд ҳам, вале ҳама ѓояҳои онҳо беш аз орзуи ширин дигар чизе набуд.
Оѓози ҳазораи севум инсониятро бо мушкилтарин проблемаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ сохт. Дар ҳамин рӯзҳои мушкилу сангин Тоҷикистон ба сӯи истиқлолият гом бардошт. Истиқлолият ҳамчун инъоми бузурги худодод дар оѓози рушдёбӣ буд, вале душманони дохилию хориҷӣ, ки манфиатҳои шахсии худро фарози манфиатҳои миллию давлатӣ қарор медоданд, нагузоштанд, ки миллати тоҷик осудаҳолона нафас кашад.
Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассосу нозук зарурати ташкили як неруи сиёсие ба вуҷуд омада буд, ки тавонад ҳамаи ин нобасомониҳоро ба сомон орад.
Ба фарзанди фарзонаи миллат, Президенти ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон ба вуҷуд омад, ки ҳизбе ташкил намоянд, ки ҳамаи ормону орзуҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷикро бо ҳам муттаҳид кунанду барои рафъи камбудиҳо камари ҳиммат баста, дастаҷамъона барои ободонии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум талош намоянд.
Бузургтарин вазифаи муқаддаси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хонадони ҳар фарди тоҷик овардани сулҳу ваҳдат буд.
«Ман ба Шумо сулҳ меорам!»
Ин гуфтаҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар гӯши ҳар як фард садо медиҳад.
Кишвари валангоргашта, хазинаҳои тиҳишуда, сохторҳои фалаҷгашта, модарони ѓамзадаву дар ба дар, ѓарибони бекасу кӯ ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон қариб аз байн рафтани Тоҷикистон ба миён омада буд ва он на ба ҳама ҷасорат медод, ки сарварии ин кишварро ба уҳда гирад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Роҳбараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки эътимоду эътиқоди мардуми кишварро барои ояндаи дурахшони кишвар тавлид намояд ва дар иродаи ҳар як фарди ҷумҳурӣ бовариро ба ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ ҳосил намояд.
Ҳамаи ин, моро водор месозад, ки дар иттиҳоду ҳамбастагӣ таъмини ваҳдату якпорчагии (миллат) кишвар талош намуда, ба пешрафтҳо муяссар хоҳем гашт.
Аз ин рӯ, мо раёсати КИМ Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 26-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сарвари ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва дар симои он кас ҳамаи аъзои ҳизб ва мардуми шарафманди ҷумҳуриро табрику таҳният гуфта, ба мардуми кишвар осмони софу беѓубор, хонаи осудаву обод ва сулҳу ваҳдати пойдор таманно дорем.
Рустам РАҲМАТЗОДА, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 26 сол муқаддам, дар як марҳалаи ниҳоят душвори таърихӣ, яъне моҳи декабри соли 1994 ташкил ёфта, бо азму иродаи қавӣ ба арсаи сиёсат ворид шудааст. Албатта, ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие, ки манфиатҳои мардумро ҳимоя карда, баҳри тинҷию оромии давлат, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ҷомеа мунтазам саҳмгузор мешаванд, ҳатман сазовори эҳтироми халқу давлат мегарданд, ки онро дар мисоли фаъолияти 26-солаи ҲХДТ, ки роҳбарии онро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, дидан мумкин аст.
Пӯшида нест, ки ҲХДТ бо мақсади ифодаи азму иродаи мардум ташкил ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кардааст. ҲХДТ дар ин муддат, дар ҳамбастагӣ бо дигар неруҳои сиёсии кишвар тавонист, ки аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона барояд: якум - хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм - барқарор намудани сулҳу субот, сеюм - таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва чорум - ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон.
Бояд иқрор шуд, ки воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишвари азизамон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Ин аст, ки ҲХДТ барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Мусаллам аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ яке аз авлавиятҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мебошад. Дар ин росто, ҲХДТ бо ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар азҳоби сиёсӣ, аз ҷумла бо Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Бинобар ин, мо пайваста ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ-ро дастгирӣ менамоем ва ҳамчун як неруи сиёсӣ дар бари он истода, баҳри пешрфти устувору бомароми мамлакат, боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизамон ва пойдории сулҳу суботи ҳамешагӣ саъю талош менамоем.
Умед дорем, дар оянда низ аъзо ва тарафдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар самти ба даст овардани нишондиҳандаҳои беҳтарини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳарчи бештар сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон саъю талош хоҳанд кард.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, аъзо ва тарафдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муносибати 26-умин солгарди таъсиси ин ҳизби созанда самимона табрик мегӯям.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон
Мо дар пешорӯйи 26-солагии таъсиси яке аз ҳизбҳои сиёсии мамлакат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҳизб ва роҳбарони он аз рӯзҳои аввали ташкили давлатдории нав ҳамчун ҳизби ҳоким дар сари қудрати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қарор дорад. Бояд эътироф кард, ки ташкили давлати нав пас аз барҳам хурдани ҳукумати Шӯравӣ дар мамлакати мо бо ҷанги дохилӣ ҳамроҳ буд. Яъне масъалаи поён бахшидан ба ҷанг ва ташкили сохтори давлат дар шакли нав бо ҳам рост омад. Дар ҳамин ҳолат, роҳбарони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахусус, Эмомалӣ Раҳмон, ки сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, масъулияти поён бахшидан ба ҷанги дохилӣ ва ташкили сохтори нави давлатдории тоҷиконро ба уҳда гирифт.
Ин масъулияти бузург аст, ки ин ҳизб дар поён бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани мардуми пароканда ва ташкили давлати нав хишти нахустинро гузошт ва имрӯз мо ҳама дар давлати ягонаи тоҷикон бо сохторҳои нави давлатдорӣ зиндагӣ мекунем. Имрӯз, хушбахтона, хатари маҳвшавӣ моро таҳдид намекунад. Дар дунё зиёда аз 3500 қавмияту миллатҳое буданд, ки дар давлатдорияшон ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд ва бо сабаби надоштани роҳбари ботадбир ҳамчун халқу давлат аз байн рафтаанд. Вале мо тоҷикон дар миёни гирудорҳои таърих соҳиби давлат бо ҳама атрибутҳояш ва иқтидори сиёсиву иқтисодӣ ҳастем.
Табиист, ки барномаҳои минбаъдаи рушди мамлакат ҳамроҳ бо барномаҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон пеш меравад ва дар амалӣ намудани онҳо саҳми ҲХДТ бештар аз дигарон аст.
Ба ҳамин тариқ, дар ин давраи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки масъули ташкили як давлати нав буд, тавонист мутобиқи барномаи ҳизбияш ва пешниҳодҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар якҷоягӣ бо мардуми кишвар барномаи стратегии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кунад ва барои амалӣ кардани он талош намояд.
Муҳимтарин пешрафти мамлакат амалӣ кардани се ҳадафи стратегии рушди Тоҷикистон буд, ки дар ин замина, фаъолият ва талошҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чашмрасанд. Мо имрӯз шоҳид ҳастем, ки давлати мо дар амалӣ кардани ин нақшаҳои бузург: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон; истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки барқ; амнияти озуқаворӣ ва бо ѓизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст ёфтааст ва заминаҳои пешрафти минбаъдаи мамлакат гузошта шудааст. Ҳоло мо дар марҳилаи амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат қарор дорем ва тавре дида мешавад, Ҳукумати мамлакат дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба он талош намуда истодааст, ки нишонаҳои зиёди татбиқи ин нақшаро мо дар амал мебинем.
Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти роҳбарӣ ва аъзову тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муносибатии 26-солагии таъсиси он табрику муборак гуфта, дар татбиқу амалӣ гардондани ормонҳои миллии халқи тоҷик, таъмину рушди босамари давлату миллат, иттиҳоду бародарии халқи Тоҷикистон ва ҳамкории пурсамар бо ҳизбҳои сиёсӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар муваффакиятҳо орзумандем .
Рустам ЛАТИФЗОДА, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Инак 26 сол мешавад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои озоди сиёсии кишвари азизамон бо маҳбубият ва эътирофи ҳамагонӣ ҷойгоҳи устувор ва мақому манзалати сазовори худро пайдо кардааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ, ҳизби мардумӣ, ҳизби таъминкунандаи пешрафт, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими неруи инсонӣ, тарѓибкунандаи ифтихор аз таърихи бою ѓании миллат ва нигоҳи нек ба ояндаи дурахшон мебошад.
Кӯшиш ва ташаббусҳои Сарвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти на танҳо дохили кишвар балки сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф шудааст ва аз ҷониби СММ, дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд ва сазовор гирифтаанд.
Андешаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари хирадманд ба мақсаду маром ва орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёдамон тавъам афтода, неруи халқи кишварро барои ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон афзунтар мегардонад.
Ин воқеияти бебаҳс гувоҳи мақому манзалати хоса, зарфияти кадриву эҷодӣ ва истеъдоди роҳбарю ташкилотчигии ин ниҳоди муҳими сиёсии ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ва ин воқеият, дар маҷмӯъ, барои ҳар як ҳизби сиёсии мамлакат мактаби таҷриба ва ибрат мебошад.
26 соли муваффаққият ва созандагиро ба Сарвари хирадманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми аъзоёну пайравони ҳизб табрик гуфта, ба хотири таъмини рушди бемайлони кишвари азизамон, ноилшудан ба ҳадафҳои бузурги таъминкунадаи зиндагии шоиста ба мардум зафар мехоҳем!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: