Имсол дар Душанбе арчаи солинавӣ гузошта намешавад20-11-2020, 10:55
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Имсол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба муносибати Соли нави мелодии 2021 ташкили арчаи солинавӣ, баргузории барномаҳои фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, чунин тасмим гирифтани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19, шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. «Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад»,-афзуд манбаъ. Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.