Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАРТИБИ НАВИ БАРГУЗОРИИ ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ

ТАРТИБИ НАВИ БАРГУЗОРИИ ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ

27-07-2020, 12:23
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
ТАРТИБИ НАВИ БАРГУЗОРИИ ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ
Дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешаванд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи тартиби нав, ки аз рӯзи душанбе, 27 июл, амалӣ мешавад, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад.
Вобаста ба ин, Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол намудааст.
«Тартиби мазкур то ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 амал хоҳад кард», — мегуяд котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим.
Бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор қабул намуд, ки тибқи он аз 20 июни соли 2020 дар мамлакат барои гузаронидани тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то 100 нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: