Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 як андоза кам шудааст

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 як андоза кам шудааст

5-08-2020, 09:56
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 як андоза кам шудааст

Рӯзҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 то андозае поён рафта, муроҷиати шаҳрвандон низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус кам гардидааст. Ин нукта дирӯз зимни ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 зикр гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд, дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 кам шудааст, чораҳои пешгирикунанда ва табобати ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд, мебошад.
Дар охири ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: