Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид-19 арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳоро баррасӣ намуд

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид-19 арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳоро баррасӣ намуд

8-05-2020, 11:33
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид-19 арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳоро баррасӣ намудИмрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 баргузор гардид.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо назардошти афзун гардидани шумораи гирифторони бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва риояи гигиенаи шахсию тавсияи мутахассисонро зарур шуморид.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати ба танзим даровардани арзиши маводи тиббӣ дар дорухонаҳо, пешгирии харидуфурўши ғайриқонунии доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ, назорати пайвастаи ниҳодҳои дахлдор дар ин самт, истифодаи ҳатмии ниқоб, бе зарурат набаромадан аз манзили зист, фароҳам овардани шароит барои ба муоилиҷа фаро гирифтани беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки барои муолиҷаи беморон имконият вуҷуд дорад, сокинонро мебояд ба хабару овозаҳои бардуруғ дода нашуда, ба таҳлука наафтанд, худсарона ба истеъмоли маводи гуногуни доруворӣ даст назананд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман бо телефонҳои боварӣ ба табибон ва мутахассисон муроҷиат намоянд.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 ва муолиҷаи беморон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 ба таври шабонарўзӣ фаъолият доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: