Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Меҳргон иди ҳосил

Меҳргон иди ҳосил

14-10-2020, 11:12
Хабарро хонданд: 742 нафар
Назарҳо: 0
Меҳргон иди ҳосил
Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада чун идҳои таърихӣ хеле бой ва рангин буда,аз ниёгони мо то ба имрӯз расидаанд. Ин идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевосистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд.
Чи тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд. «Меҳргон ба монанди иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол ба шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир фарҳанги ѓании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Мафҳуми мазкур бо ҷашнгирии 5500 - солагии “Саразм”, ки соли ҷорӣ таҷлил шуд, таҷассум мегардад.
Меҳргонҷашни кишоварзон буда, иди касбииолимонисоҳанизбашумормеравад.Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ аз Меҳргон то Меҳргон пурсамар фаъолият намуда, ба дастовардҳои муайян соҳиб гардиданд. Меҳргон иди ҳосил
Олимони муассисаҳои илмии Академия соли ҷорӣ дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 4 нахустпатент, 6 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ва 2 ихтироъкорӣ, 7 қарор дар бораи додани нахустпатент, 3 хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмии ихтироот ва 2 арзнома гардиданд.
Дастоварди селексионии олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ экотипи қутосҳои зарафшонӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии чорвои зоти алои сершири тоҷикӣ, барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. Инчунин, ҳуҷҷатҳои типи чорвои сергӯшти тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикӣ, барои пешниҳоди омода гардид.
Аз ҷониби олимони Институти тибби ветеринарӣ як қатор дастуру тавсияҳо оид ба пешгирӣ ва табобатиэндометритимодаговҳо, ташхиси касалии аспергиллёзи занбӯрони асал, нигоҳубини оилаҳои занбӯри асал, роҳҳои мубориза бар зидди касалиҳои пӯсиши насли занбӯри асал, “Схемаи истифодабарии ваксина аз антигени протективӣ ва хайлҳои зиндаи ваксина дар шароити гуногуни эпизоотологӣ нисбати брутселлёз”, ташхис ва пешгирии касалии аскосферози занбӯрон дар мавриди нигоҳубини кӯчӣ, пешгирӣ ва табобати пӯсиши амрикоии занбӯри асал таҳия гардид. Олимони Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология бо истифода аз хайлҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ 105600 воя ваксина, аз он ҷумла 8000 воя бар зидди плевропневмонияи сироятии бузҳо, 74600 воя ваксина бар зидди пастереллёзу салмонеллёз, 18000 вояваксинаи зидди сенуроз, 5000 воя ваксинаи зидди клостридиозҳоистеҳсол намуданд, кидар хоҷагиҳои ноҳияҳои Данѓара, Панҷ, Вахш, Шаҳринав, ш.Ҳисор ва дигар хоҷагиҳои инфиродию фермерии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд.
Олимони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, рушди чорводорӣ, боѓу токпарварӣ ва пешгирии талафоти маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ пешниҳодҳои илман асоснок таҳия намуданд.
Олимони Академия дар таҳияи 7 лоиҳаи барнома ва қарорҳоиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, 10 пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳоҷиҳати қабули барномаи хушзот намудани чорвои хусусӣ ва аҳолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ваксинаю доруҳои ветеринарӣ, истеҳсоли маводи биологӣ барои пешгирӣ ва муолиҷаи короновируси одам (COVID-19), оид ба таъсиси Шӯроҳои диссертатсионӣ, тасдиқи экотипи зарафшонии қутосҳои помирӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону ӯзбекистон, муайян намудани корхонаҳои коркард ва захираи тухмии хушсифати пахта ва ѓайра ирсол кард шуд.
Қобили қайд аст, ки соли ҷорӣ Академия бо Каритас Шветсария ва Маркази илмию истеҳсолии кишоварзӣ ва таъмини озуқаи Ҷумҳурии ӯзбекистоноид ба ҳамкории судманд ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни Меҳргонро дар ояндҳо низ бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.Бахшида ба ҷашни мазкур дар шаҳруноҳияҳои ҷумҳурӣ, намоиш вафурӯши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мунтазамташкил гардида, барои таъмини аҳолӣ бо маводҳои ѓизоӣ мусоидат менамояд.
Бошад, ки ҷашни Меҳргон ба мардуми тоҷик файзу баракат ва фаровонӣ ато созад.

Н.М.Асозода, президентиАкадемияи илмҳоикишоварзииТоҷикистон, академик,
Д.Қ.Комилзода, академики АИКТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: