МАРҲАМАТ БА ИДИ ХАРБУЗА ВА АСАЛ! Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват мекунанд29-08-2017, 13:32
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва иди Қурбон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Тавре аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ рӯзҳои 30 -31 августи соли ҷорӣ соати 07-00 дар чор минтақаи шаҳри Душанбе: Маҷмааи савдои «Меҳргон», кӯчаи Ҳусейнзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» ва назди Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» доир мегардад. Дар иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Ба иттилои манбаъ, барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешкаши аҳолии пойтахт мегардонанд. «Дар намоиши мазкур навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз ва асалу дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд бо нархҳои дастрас аз онҳо харидорӣ намоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин полезкорону занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд»,-иттилоъ доданд аз Вазорати кишоварзӣ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.