Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан

Боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан

11-06-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
11.06.2018 10:06, Чин
11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лубиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронида мешавад.

Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ барои коркарди тухмӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, маводҳои кимёвии самаранок методҳои беҳтарсозии зотҳои говҳо ва гусфандҳо, махсус гардонида шудааст.

Дар майдони намоиши кишоварзии муосир бошад, барои намоиши илмиву тадқиқотии кишоварзӣ, намоиши натиҷаҳои тадқиқотҳо, муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва гузаронидани таҷриба шароити корӣ фароҳам овардаанд.

Дар маркази намоиши илмиву технологӣ корҳои намоишдиҳӣ, истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, мубодилаи технология гузаронид мешавад.

Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват карданд.

Тавре маълум шуд, дар ин ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 навъи тарбуз парвариш меёбад. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинонидаанд, ки аллакай пухта расидааст.

Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди дарави ғалла бо даст пахтаи навъи “Юмен 88” шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад.

Ҳамин тухмии пахта дар шароити Тоҷикистон то 50 сентнерӣ ҳосил медодааст ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳову комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омухтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: