Пешгирии бемориҳои ҳайвонот3-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 28 майи соли 2016 дар Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Усулҳои муосири ташхис ва пешгирии бемориҳои омехтаи сироятии ҳайвонот» бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ, роҳбарони хадамоти байтории вилоятҳо, олимони Институти ветеринарӣ, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи тиббии ба номи А.Сино баргузор гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ С. Саидов, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз бахшид. Сипас олимон дар мавриди ташхис ва пешгирии бемориҳои омехтаи сироятии ҳайвонот маърӯзаҳо карданд. Барои иштирокдорони машварат ба хусус маърӯзаҳои директори Институти ветеринарӣ К.Маҳмудов – «Дастовардҳои илмии Институти ветеринарӣ оид ба ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои сироятию инвазионии чорво», ходими калони илмии шуъбаи омӯзиши касалиҳои микобактериозӣ А.Муминов-«Роҳҳои муосири ташхис ва пешгирии брутселлёзи чорво», Р. Тӯраев, директори корхонаи «Зооветсервис»- «Муайян намудани барангезандаҳои зукоми паранда ва омӯзиши муҳоҷирати парандагони кучии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», А.Неъматов, ходими калони озмоишгоҳи касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ – «Рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ ва пешгирии касалиҳои он» басо ҷолиб буд. Зикр шуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати касалиҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ ва инвазионии чорво аз усулҳои муосири ташхис ва табобат кор гирифта шавад. Омӯзиши ҳолати эпизоотии касалиҳои бахусус хавфноки паранда, занбӯри асал ва моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин аз масъалаҳое буданд, ки нотиқон таъкид карданд. Ёдовар мешавем, дар Институти мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии ветеринарӣ амал мекунад, ки 22 нафар аъзо дорад. Амалӣ сохтани ғояҳои созанди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз маҳаки асосии фаъолияти онҳо мебошад. А.Ҷӯра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.