Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихоби арзанда– кафолати субот

Интихоби арзанда– кафолати субот

5-10-2020, 16:27
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Назар

   Интихоби арзанда– кафолати субот
Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад. Халқи мо тариқи овоздиҳӣ Президенти ҷумҳуриро интихоб карда, дар доираи Конститутсия ӯро аз салоҳиятҳои муайян бархӯрдор мекунад.
Бояд гуфт, ки Президент пеш аз ҳама симои миллат ва давлат аст. Маҳз Президент ба сифати кафили сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа баромад карда, дар рушду инкишофи мамлакат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлат, таъмини амният, хушбахтии миллат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақшӣ калидӣ дорад.
Ин маъракаи муҳими сиёсӣ чун ифодагари иродаи халқ, на танҳо ҳафт соли ояндаи кишварро муайян хоҳад кард, балки аз ин интихоб ояндаи наслҳои баъдӣ вобастагии зиёде дорад. Албатта, сохтани ояндаи дурахшони кишвар танҳо бо интихоби номзади арзанда имконпазир аст.
Зарур аст, ки баъзе бартариятҳои яке аз номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари воқеӣ зикр гардад, ки ӯро аз дигар номзадҳо фарқ мекунонад:
1. Таҷрибаи бузурги сиёсӣ. Барои роҳбари сиёсӣ дар мудирияти давлат таҷрибаи роҳбарӣ хеле муҳим аст. Муваффақияти асосии сиёсатмадори муосир маҳз аз чунин омил сарчашма мегирад. Ин таҷриба на танҳо дар пешбурди сиёсати дохилӣ, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ аҳамияти бузургро доро аст. Хусусан, дар замони муосир, ки тазоди манфиатҳо хеле зиёд аст ва фазои геосиёсӣ торафт мураккаб гардида истодааст, дар ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон барои дарозмуддат нақши роҳбари тавоно ва ботаҷриба бузург хоҳад буд.
2. Асосгузори давлати навини тоҷикон. Бешубҳа, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эҳёи давлатдории навини миллӣ басо бузург аст. Хизмати таърихии ӯ маҳз дар он аст, ки замоне ба майдони сиёсат омад, ки он солҳо барои миллат хеле сахту сангин буд ва давлат дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Хусусияти роҳбари тавоно ҳам дар он аст, ки бенизомии сиёсиро ба субот ва бадбахтиро ба хушбахтӣ табдил дода тавонад.
3. Лидери сиёсӣ ва мардумӣ. Хусусиятҳои харизматикии Пешвои миллат хеле рушан аст. Симои зоҳирӣ, тарзи суханронӣ, имову ишора ва самимияти бепоён нисбати халқ ӯро ҳамеша аз дигарон фарқ мегузорад. Аз ин ҷост, ки маҳбули халқ аст ва унвони олии
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат”- ро соҳиб гашт. Сарваре, ки дар ҳақиқат мардумист, ҳамеша бо халқ аст.
4. Иродаи қавӣ доштан. Дар мудирияти сиёсӣ барои сарвар хеле зарур аст, ки дорои иродаи мустаҳкам бошад. Олами сиёсат бо мураккаб будани худ аз сарварони сиёсӣ тақозо менамояд, ки дар тасмимгириҳои сиёсӣ ва қабули қарори сиёсӣ шуҷоъ ва дурандеш бошанд. Дар таҷрибаи фаъолияти сиёсии Пешвои миллат воқеаҳои хеле зиёде рух додаанд, ки аз сарвари тавоно ва қавиирода будани ӯ шаҳодат медиҳанд, хусусан, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва давраҳои музокирот бо неруҳои мухолифин. Мисоли дигар, ин ба сохтмони НБО Роғун оғоз кардан аст. Пӯшида нест, гарчанде, ки кишварҳои алоҳида рӯйирост намехостанд, ки ин сохтмони азими аср сохта шавад, Пешвои миллат талош карданд, ки дар тасмимгириҳои худ қавӣ бошанд ва бо суханони “агар техника ҳам надошта бошем, мо бо нохунҳои худ Роғунро месозем” дар амал собит кард, ки баҳри хушбахтии миллат аз тамоми воситаҳо истифода хоҳад кард. Хушбахтона, имрӯз ду чархи ин неругоҳ алакай ба кор андохта шуд.
5. Обрӯ ва эътибори байналмилалӣ. Яке аз хусусиятҳое, ки Пешвои миллатро аз ҳар номзади дигар фарқ мекунонад, ин эътибори бузург дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои аввали интихоб шуданаш ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарвари тавоно ва сулҳофар дар ҷаҳон эътироф мекунанд. Дар ин ҷо зарур аст, ки чанде аз мукофотҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоем:
– Мукофоти сулҳи СММ. Мукофоти олии ин созмон дар соҳаи таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи байналмилалӣ буда, Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнаш дар самти мазкур соли 2007 бо он сарфароз гардидааст;
– Медали тиллоии Федератсияи Сулҳ ва Ризоят. Ин мукофоти олии Федератсияи Сулҳ ва Ризояти Қирғизистон буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ба хотири густариши сулҳ ва якдигарфаҳмии халқу миллатҳо моҳи августи соли 2004 сарфароз гардонида шудааст;
– Пешвои асри ХХ1. Ин мукофоти созмони ҷамъиятии Шӯрои Аврупоӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, озодии матбуот ба Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои арзандааш 18 августи соли 2011 супорида шудааст.
Мусаллам аст, ки бо ин бартарињо Пешвои миллат дар ҳақиқат, номзади арзандаест, ки аз уҳдаи идораи давлат ба осонӣ баромада, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори кишвар нақши бузурге хоҳад дошт.
Фирӯз Равшаналиев,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: