Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаро Эмомалӣ Раҳмонро интихоб мекунам?

Чаро Эмомалӣ Раҳмонро интихоб мекунам?

14-09-2020, 10:52
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Чаро Эмомалӣ Раҳмонро интихоб мекунам?
Дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобиҳои солҳои ҷанги хонумонсузи 90-уми асри гузашта ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамзамон, таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва технологизатсияи ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамояд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллатмеҳвари худ қарор дод. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор нерўгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. Махсусан, бунёди НБО “Роѓун” ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО “Роѓун”-ро ҳанўз давлати абарқудрати Шўравӣ роҳандозӣ намуда ба он натавонист мушарраф гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Имрўз дар натиҷаи чунин ҷасорату талошҳои Сарвари сиёсии тоҷикон мардум соҳиби зиндагии шоиста гардида, давлат марҳилаи рушди устуворро фаро гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат ҳамчунин арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуд. Эҳё намудани ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлил намудани солгарди бузургони ниёгон ба монандӣ Абуабудлоҳи Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ѓайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Пешвои миллат аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлатро ташкил медиҳад.
Пешвои муаззами миллат дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об ва гармшавии иқлим, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз ташабусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳон аст, ки мақсади асосии онро хайрияти умум ташкил медиҳад.
Умуман, фаъолияти сиёсии Президенти мамлакат ҳамчун Сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем дарк менамоем, ки ў худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудааст. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардидааст, ки миллати тоҷик дар дохил ва хориҷӣ мамлакат, умуман тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтаанд.
Дар алоқамандӣ ба нуктаҳои зикргардида қайд намудан муҳим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид гардидааст. Ва ҳамзамон, Тоҷикистон дар пешорўйи интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар фазои субот ва ҳамгироӣ баргузор гардидани интихобот бисёр муҳим аст, зеро марҳилаи рушди устувори давлат суботи комил ва шахсияти сиёсии рушдёфтаро тақозо менамояд. Шахсияте, ки равандҳои сиёсии ҷаҳониро дарк намояд ва дар баробари онҳо тасмимгириҳои ҷиддӣ дошта бошад. Воқеан, чунин шахсияти комил Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ба Пешвои миллат эҳтиёҷи фавқулодда муҳим дорад. Зарурати интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи пешорўйро метавон аз чанд ҷиҳат муҳим арзёбӣ намуд.
Якум, ҷаҳони кунуниро хатару таҳдидҳои нав ба монандӣ экстермизму терроризм, манфиатҷуйи давлатҳо, ҷангҳои иттилоотӣ, мушкилоти табиӣ ва ѓайра ноором сохта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сисёӣ қобилияти дарки чунин равандҳоро дорад ва ҳамзамон, яке аз субъектҳои муҳими муборизабаранда бо экстремизму терроризм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Дуюм, қудратҳои ҷаҳонӣ ва доираҳои манфиатхоҳ Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи стратегӣ медонанд ва кўшиш менамоянд дар ин ҷо ҳадафҳои худро амалӣ гардонанд. Аз ҳамин лиҳоз, интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки суботи сиёсӣ дар минтақа мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Чун, ин марди бузург дорои обрўй ва шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон аст. Дар сиёсати ҷаҳонӣ авторитети сарвар нақши баѓоят бузургро мебозад.
Сеюм, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари авторитети сиёсӣ доштан дар ҷаҳон, инчунин, аз ҷониби миллати тоҷик ба сифати Пешвои миллат эътироф шудааст, ки ин ҷиҳат кафили субот ва ҳифзи устувории сиёсӣ дар мамлакат аст.
Ҳамин тавр, метавон бо боварӣ гуфт, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ кафили зиндагии осоишта, давлати пешрафта, амалигардии ормон ва ҳадафҳои бузурги миллӣ барои ҳар як шахс аст.

Алиназар АШУРОВ, корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: