Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ванҷ: Курси сайёри омӯзишӣ

Ванҷ: Курси сайёри омӯзишӣ

23-09-2020, 14:43
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Ванҷ: Курси сайёри омӯзишӣ
Қисмати чорсадкилометрии Душанбе – Хоруғ пушти сар монд. Ванҷ моро бо ҳавои серун пешвоз гирифт. Дар ҳоле ки шаб ба маркази ин ноҳияи кӯҳистон расида будем, пас аз ворид шудан ба манзили Атобек Субадоров – раиси КИ ноҳиявии ҲХДТ, ки макони зистамон интихоб шуда буд, аз истиқболи гарму самимонаи соҳибхона ману ҳамроҳонам зуд эҳсос кардем, ки тамоми куфти роҳ дар як дам аз ҷисму ҷонамон дур шуд. Сафар ба ин ноҳияи ВМБК бо мақсади баргузории курси сайёри омӯзишии кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ буд. Он бо ибтикори дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва бо иштироки роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, барои мақомоту фаъолони ҳизбии вилоятиву ноҳиявӣ барои ду рӯзи оянда дар нақша гирифта шуда буд.
Курси сайёри омӯзишӣ субҳи рӯзи дигар дар толори бинои Хонаи фарҳанги ноҳия бо иштироки намояндагони қариб ҳамаи ноҳияҳо ва масъулони ҳизбии вилоят оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим зимни суханрон ӣ дар ин машварат меҳмонон ва иштирокчиёнро «Хуш омадед!» - гуфта, мухтасар дар бораи вазъияти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нақл кард. Мавсуф, аз ҷумла ёдовар шуд, ки ноҳияи Ванҷ асосан кишоварзӣ буда, даромади сокинонаш аз ҳисоби ҳосили боғҳои мева таъмин мешавад.
Ба гуфтаи роҳбари ноҳия, бинобар маҳдудияти имкони кишту парвариши анвои ғалла ноҳия дар таъмини маҳсулоти ғалладонагӣ душворӣ мекашанд, вале ин мушкилро сокинон аз роҳи содироти мева ва хушкмева ҳал мекунанд.
Роҳбари ноҳия бо таъкид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар дар мавриди захираи маводи ғизоӣ ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати захираи дусолаи маҳсулоти дерпойи ғизоӣ иттилоъ дод, ки обуҳаво ва шароити маҳали зисти сокинони минтақа имкон медиҳад, бо истифода аз таҷрибаи рӯзгор метавонанд бахше аз ҳосили ҷамъовардаашонро барои чанд сол нигоҳ доранд.
Ӯ баргузории Машварати омӯзишии ҲХДТ дар маркази ин ноҳияро иқдоми муносиб барои ошноӣ бо вазъияти ноҳия, такмили кору фаъолияти кумиҷроияҳои шаҳриву ноҳиявии ВМБК ва аз ҷумла, КИ ҳизбии ноҳия дониста, ба созмондиҳандагону иштирокчиёнаш барори кор хост. Ширкаткунандагони машварати сайёр баъд аз сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим инчунин баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМБК Фелалиев Рустамро шуниданд. Сипас бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ВМБК ва раисони КИ шаҳрию ноҳиявии ҲХДТ дар ин вилоят ва бо ҳузури масъулони КИМ ҲХДТ, Хонов Абдураҳмон – роҳбари Дастгоҳ, Маҳмадулло Наимов – роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти КИМ ҲХДТ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшаналиев Фирӯз ва хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» Солеҳ Юсуф он ба кори худ идома дод. Ванҷ: Курси сайёри омӯзишӣ
Иштирокчиён асосан кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд, ки шумораи онҳо 26 нафар ва 10 нафар аъзои фаъоли Кумитаҳои Иҷория, инчунин раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ буданд.
Дар рӯзи якуми семинар роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ А. Хонов дар мавзӯи «Ташаккули технологияи муосири интихоботӣ вобаста ба марҳалаи рушди ҷомеа» ва мавзӯи «Роҳҳо ва усулҳои татбиқи барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027» маърӯза кард.
ӯ дар ибтидо ин машваратро аз тадбирҳои муҳим ҷиҳати омӯзиши кадрҳои ҳизбии вилоят арзёбӣ карда, баргузории онро дар марҳалае, ки ҷомеаи Точикистон ба баргузории як маъракаи муҳими сиёсӣ омода мешавад, муҳим донист.
Мавсуф дар ин робита ёдовар шуд, ки барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа,аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатӣ кардани кишвар, амалисозии иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, аз масъулон ва ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати татбиқи он масъулият ва амалкардҳои ҷиддӣ металабад.
Бинобар ин, ошноӣ бо роҳу усулҳои нави иҷроиши бандҳои он аз заруратҳои вақт аст.
Вай дар робита ба ҷалби электорат ё таваҷуҳи интихобкунандагон ба интихобот таъкид кард, ки истифодаи технологияи муосир аз восита ва фишангҳои асосӣ дар маъракаҳои сиёсии имрӯз, ба шумули интихобот мебошад.
Номбурда зикр кард, ки агар дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 фақат 10-15 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба сомонаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доштанду ба сайтҳои интернетӣ ворид мешуданд, дар марҳалаи феълӣ ва дар замоне, ки ҷомеаи кишвар ба чунин як маъракаи муҳим омодагӣ мегирад, зиёда аз 80 дарсади сокинони мамлакат бо имконоти интернетӣ шинос буда, бо муҳтавои матолиби сайтҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза шинос мешаванд.
Дар идома Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи «Вазифаҳои интихобот ва интихобот ҳамчун раванди сиёсии ҷомеа», хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» Солеҳ Юсуф дар мавзӯи «Нақши ВАО дар давраи интихолбот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ» гузоришҳои худро ба самъи иштирокчиёни машварат расониданд. Ванҷ: Курси сайёри омӯзишӣ
Дар рӯзи дуюми машварат иштирокчиён маърӯзаҳои роҳбари Маркази таҳлил ва матбуоти КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло дар мавзӯъҳои «Тайёр ва омода кардани гурӯҳҳои таблиғотӣ, мобилӣ ва ташвиқотӣ», инчунин дар мавриди «Роҳҳо ва усулҳои корҳои ҳизбӣ дар Кумитаҳои Иҷроияи ҲХДТ дар ВМБК» шунидаанд.
ӯ, аз ҷумла доир ба омилҳои муҳимтарини нуфузи сиёсии номзад, ташаккули образи мусбати вай аз аввалин лаҳзаҳои суҳбат бо электорат, моҳирона кушодани чеҳраи номзад, аз ин роҳ таъсиргузорӣ ба афкори мардум суҳбат кард.
Банақшагирӣ ва барномарезии фаъолият барои марҳалаи дигари омодагиҳо ба интихобот, муайян кардани захирахои ҳизбӣ ва мақсади нихоӣ, тахлили ҳайати электорат бо муайян кардани гурӯҳҳои таблиғотӣ, тахияи стратегия ва тактикаи интихоботӣ ҳам аз мавзӯъҳои баҳс бо ширкаткунандагон буд.
Дар бахши дигари ин машварат иштирокчиён ба дарсҳои амалӣ пардохта, бо фаъолияти чанде аз ташкилотҳои ибтидоии маркази ноҳия ошно шуданд ва доир ба таҷрибаи якдигар табодули назар намуданд. Дар маҷмӯъ, семинарии сайёри омӯзишӣ, ки тариқи саволу ҷавоб ва суҳбату машварат доир гардид, аз ҷониби иштирокчиён бисёр хуб пазируфта шуд.
Иштирокчиён хоҳиш карданд, ки чунин машваратҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҳадди ақал дар як сол як бор доир гардад, то онҳо имкони шиносоӣ бо талаботу муқаррароти нави санадҳои ҳизбиро дошта бошанд.
Дар ҷамъбаст барои дар сатҳи хуби корӣ доир кардани ин Курси омӯзишӣ ба роҳбарияти ноҳия ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ Субадоров Атобек миннатдорӣ шуд.
Андешаи чанде аз иштирокчиёни семинар

Маҳмуд Бердиев (ноҳияи Дарвоз): - Барномаи курси омӯзишӣ ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ доир гардид, ки ин ба манфиати кор мебошад. Барои мо, иштирокчиён шиносоӣ бо услубу тарзи пешбурди кори таблиғотӣ, махсусан, дар давраи омодагӣ ба маъракаи сиёсии дар пешбуда, хеле муҳим буд. Лозим ба ёдоварист, ки мавриди истифода қарор гирифтани чандин иншооти нав дар ВМБК, аз ҷумла дар ноҳияи мо - корхонаи истеҳсолии «Карон- калсит», коргоҳҳои коркарди асал, обҳои нӯшокӣ, гармхонаи замонавии парвариши гиёҳу сабзавот, корхонаи истеҳсоли маводҳои антисептикӣ, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Чорчаман-Хилс» дар баробари тағйир додани ҳусни марказу атрофи он шароитро барои вусъат додани кори ташкилотҳои ҳизбӣ низ фароҳам кардааст. Ин дигаргуниҳо аз мо тақозо мекунад, ки бо усулҳои нави фаъолияти идеологӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба узвияти ҳизб ошно бошем ва дар амалкардҳои ҳаррӯзаи худ истифода намоем.
Манзура Раҷиббекова (ноҳияи Роштқалъа): – Машғулиятҳо дар сатҳи баланд бо истифода аз усули муосир доир шуда, ба мо, иштирокдорон таассуроти неку муфид гузошт. Махсусан барои ман, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш масъулияти роҳбарӣ ба кумиҷроияи ҳизбро бар уҳда гирифтаам, ошноӣ бо услуби кори ташкилотҳои ноҳиявӣ ва аз ҷумла, ташкилотҳои ибтидоӣ хеле судманд аст. Барои баргузории ин чорабинӣ ба созмондиҳандагон ва дастандаркорон арзи сипос карда, бовар дорам чунин тренингҳо бештар ташкил мешаванд, зеро дар маҳалҳо доир кардани ин гуна машваратҳо барои самараноктар шудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мусоидат мекунад.
Ҳайати кории ҲХДТ дар доираи сафар ҳамчунин бо ҷамъе аз вакилони Маҷлиси халқи ноҳия, ки аз ҷамоатҳои деҳот барои ҷаласа ба маркази ноҳия омада буданд, мулоқот намуда, дар мавриди омодагиҳои ҲХДТ ба баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат оростанд.
Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи корӣ дар доираи сафари хидматӣ ба ноҳияи Ванҷ инчунин бо вазъи хонаводаҳои собиқ кормандони ҳизбию давлатӣ, бародарон Муҳаббатшо ва Зиёратшо Ғайратовҳо, ки чанде пеш даргузаштанд, шинос шуда, ба пайвандону наздиконашон изҳори ҳамдардӣ карданд.
Сафари мо ба ин гӯшаи зебои диёр хотирмон буд. Ҳамин ки ба Душанбе баргаштем, душвориҳои сафар ва роҳи ҷо – ҷо пур азчангу ғубораш аз ёдҳо рафт ва дар зеҳнамон фақат лаҳзаҳои меҳмоннавозию суҳбатҳои гарм мардуми ин ноҳия монд.
Солеҳ Юсуфов,
Душанбе- Ванҷ – Душанбе


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: