Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Курси бозомӯзӣ: Сулҳу ваҳдат аз ҳамаи арзишҳо болост

Курси бозомӯзӣ: Сулҳу ваҳдат аз ҳамаи арзишҳо болост

4-05-2018, 07:28
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Курси бозомӯзӣ: Сулҳу ваҳдат аз ҳамаи арзишҳо болост
Оғози рӯзгор ҳам бо сухан будааст. Мушоҳидаи рафти даври дуюми Курси бозомӯзии раисони КИ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бори дигар ин таъбири таърихиро ба ёдам овард.
Тавре он ҷо зикр гардид, мақсад аз баргузории чунин маҳфил, ки бо иштироки мақомот ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод ва Роғун баргузор шуд, такмили дониши сиёсӣ, омодагии бештари ҳизбиён ба иҷрои барнома ва дастурҳои ҳизбӣ дар ҷиҳати рушди кишвар аст.
Курси бозомӯзӣ: Сулҳу ваҳдат аз ҳамаи арзишҳо болост
Дар аввал муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён зимни суханронӣ изҳор дошт, ки вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, ки хислати тағйирёбандагии зуд касб намудааст, бо ҳар васила ба рушду пешравии кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки характери ин тағйиротҳоро амиқ эҳсос намуда, фаъолиятамонро вобаста ба таҳаввулоти замони муосир ба роҳ монем, таваҷҷуҳи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ равона созем ва барои зиндаги шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам орем. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҳизби пешқадами ҷомеа бошем.
Дар суханронии муовини Раиси ҲХДТ таъкид гардид, ки “Вазифаҳои мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилотҳои ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”.
Р.Бобоҷониён инчунин афзуд: “Мо вазифадор ҳастем, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар мамлакат ва ҷаҳон рӯйдодаро дуруст фаҳмонда, ба ин ҳодисаҳо баҳои воқеӣ диҳем. Мо имрӯз дар шароити мураккаби бархурди манфиатҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дорем. Зарур аст, ки аз мубоҳисаҳои сиёсӣ хулосаҳои дуруст бароварда, мардумро аз паси худ барем”.
Тавре таъкид шуд: “Ҷойгоҳ ва эътибори Сулҳу Ваҳдат аз тамоми арзишҳои дигари мо боло меистад. Ба ҳамон гунае, ки дар тамоми ҷомеаи Аврупо ҳаст”.
Ба тадриҷ фазои нишаст аз ҳолати як маҷлиси одӣ ба шакли маърӯза - суҳбат гузашт ва мудирони шуъбаҳои КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, Абдураҳим Шоҳиён, Илҳомҷон Ҳамидов дар мавзӯъҳои «Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат», «Татбиқи қарорҳои Маҷлиси КИМ ва амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ҳизбӣ», «Таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ» сухан гуфтанд. Абдураҳмон Хонов – роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар ин нишаст дар ду мавзӯъ: «Ҷалби волонтёрон дар фаъолияти таблиғотии ҳизбӣ ва ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ», “Усул ва манбаъҳои таблиғу ташвиқ дар давраи маъракаҳои пешазинтихоботӣ” маърӯза кард.
Инчунин Дар маҳфили “Курси бозомӯзӣ” инчунин мақомоти мизбон, Фарзона Хоҷазода – муовини раиси шаҳри Ваҳдат ва Руқия Раҳматзода – раиси КИ ҲХДТ иштирок ва суханронӣ карданд.
Идомаи нишаст, асосан ба сурати изҳори назари иштирокчиён ҷараён гирифт. Аз ҷумла муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Олимҷон Назаров бо ишора ба ин ки бори нахуст дар чунин як маҳфил иштирок мекунад, баргузории ин гуна нишастҳоро барои боло бурдани сатҳи огоҳии сиёсии фаъолони ҳизбӣ муҳим донист. Вай гуфт: “Қариб 40 нафар аз фаъолони ҳизбии ноҳия дар ин курси омӯзишӣ иштирок доранд ва албатта ҳар яки онҳо ба монанди худи ӯ аз маърӯзаҳои пешниҳодшуда бардоштҳои мусбат кардаанд”.
Раиси созмони “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Файзобод Наврӯз Нарзуллозода бо ишора ба тадбирҳои ба иҷро расида аз сӯйи аъзои созмон дар соли 2017 – “Соли ҷавонон” вохӯрию суҳбатҳо бо иштироки мақомоти КИМ ҲХДТ ва чунин як курси бозомӯзиро воситаи хуби такмили донишу малака барои дастгирии ҷавонон арзёбӣ намуд.
Дар бахши музокирот ва саволу ҷавоб баромадкунандагон аз ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ ва Файзобод ҳамзамон мавзӯъҳои марбут ба такмили донишу огоҳии вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, таваҷҷуҳи бештар ба мушкили муҳоҷирон ва таъмини ҷавонон бо кору шуғлҳои фоиданокро матраҳ карданд.
Чанде аз иштирокчиён дар суҳбат бо мо назари худро дар мавриди нишаст чунин баён доштанд:
Ҳамзаалӣ Юсуфов - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ:
- Ин нишаст чанд ҷиҳати фарқкунанда аз маҷлисҳои расмӣ дорад. Якум, суханрониҳо сода ва аз сӯйи чеҳраҳои барои аъзои ҳизб шинос пешниҳод гардиданд. Дуюм, дар ҳар суханронӣ зиёдтар ба воқеиятҳои имрӯз ва рӯйдодҳои ахири ҷаҳон ишораҳо мешуд, бо ин сабаб барои шунавандгон ҷолиб буд. Чизи дигари фарқкунанда ин буд, ки барои ҳамаи иштирокчиён имкони васеи назари худро баён кардан фароҳам буд. Масъалаҳои марбут ба тарзи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, вазифа ва масъулияти онҳо барои донистани майлу хоҳиши интихобкунандагон, ошноӣ бо шаклу воситаҳои муосири ташвиқот, тарзи дурусти корбарӣ барои сабти номи аъзои ҳизб ва танзими назорат ба раванди ҷойивазкунии аъзо ва фаъолони ҳизбӣ, зарурати дастрасии ҳизбиён ба манбаъҳои иттилоърасонӣ барои мо ҷолиб буданд.
Мағфират Давлатзода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун: - Курси бозомӯзӣ барои фаъолони чор шаҳру ноҳия, ки шароит ва имкони фаъолияти ба ҳам монанд доранд, як иқдоми хуби бозомӯзии донишҳои сиёсӣ ва дар ин замина таҳияи барномаҳои фаъолият барои мо буд.
Тавре аз баромадҳо маълум шуд, мо мушкилу пурсишҳои ҳамсон дорем. Масъалаи тарбия, мушкилоти муҳоҷирон, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар ва танзими расму анъана, инчунин масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати аскарӣ дар меҳвари фаъолияти ҳар яке аз ташкилотҳои ҳизбӣ қарор доранд. Албатта ин мавзӯъҳо ҳамзамон бо он масъалаҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои мо вобаста ба фаъолияти дохилиҳизбии худ доранд.
Яке аз самтҳои асосии ташкилоти ҳизбии мо ба иҷрои таъмини энергетикии кишвар, амалӣ шудани лоиҳаи иншооти таърихии аср – сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Бинобар ин мо, фаъолони ҳизбӣ кӯшиш мекунем, дар иҷрои ин барнома ҳам саҳми муносиб гузорем.
Саида Воҳидова - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷамоати деҳоти Гулистон:
- Ман дар ҳошияи суханрониҳо дар маҳфил пешниҳод кардам, ки чунин нишастҳо дар ноҳияҳо бо иштироки вакилони маҳаллӣ ҳам баргузор шаванд, то ки худи вакилон аз масъулияту вазифаҳои ҷонии худ огоҳии бештар пайдо кунанд. Аз сӯйи дигар лозим аст, ки ба узвияти ҳизб дар ҳақиқат шахсони сазовор, аз мушкилот бохабар ва дилсӯзи мардум қабул гарданд. Мо бояд дарк кунем, ки ҳизби мо неруи таҳкимбахшиву бунёдкорӣ дар ҷомеаро дорад. Аз ин рӯ, бо истифода аз тавсияҳое, ки аз сӯйи мақомоти раҳбарии ҳизб дар ин гуна семинару машваратҳои омӯзишӣ мешавад, худро барои ҳалли мушкилоти ҷомеа, беҳбуд бахшидан ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омода мекунем.
СолеҳЮсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: