Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Курси омӯзишӣ

Курси омӯзишӣ

22-01-2020, 16:26
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
Курси омӯзишӣ
Дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон курси омӯзишии гурӯҳҳои таблиғотӣ, бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ баргузор гардид. Сараввал дар назди ҳозирин муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон баромад карда, атрофи гурӯҳҳои таблиғотӣ, мавқеъ ва муҳиммияти онҳо дар давраи пеш аз интихоботӣ ибрози назар намуд. Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов перомуни «Роҳҳо ва усулҳои муосири ҷалби электорат дар интихобот» баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар фаъолияти ҳизбӣ тарғибот яке аз самтҳои асосии корӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бояд ақида, ҷаҳонбинӣ, дониш, муносибат ва бархурди шахс ба муҳит, ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, дин ва ҳизбҳо ба назар гирифта шаванд. Курси омӯзишӣЯъне барои кор бурдан дар байни омма, тарғибгар бояд дорои қобилияти баланди суханварӣ ва ба худ ҷалб кардани мардумро дошта бошад ва дар ҳар маврид мавқеи сиёсии худро ҳимоя карда тавонад.
Мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов дар мавзӯҳои «Халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва «Тавзеҳи нуқтаҳои пеш аз интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад кард.
Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи «Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар интихобот», муаллими факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Раҳмон Далер Сафарбек, дар мавзӯи «Вазифа ва кори мушоҳидони миллӣ дар ҷараёни интихобот» ибрози андеша карданд.
Дар охир муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, курси омӯзиширо ҷамъбаст намуд.

Т.Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: