Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АНҶУМАНИ XIV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

АНҶУМАНИ XIV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

3-09-2020, 15:25
Хабарро хонданд: 670 нафар
Назарҳо: 0
АНҶУМАНИ XIV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ  ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
3 сентябри соли равон дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парламент, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Бо интихоби раёсати корӣ дар ҳайати 19 нафар ва садо додани Суруди миллӣ Анҷумани XIV ҳизб ба кори худ шуруъ намуд.
Дар Анҷуман се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
2. Оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
3. Масъалаҳои ташкилӣ.
Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии вакилон 304 нафар (30 фоиз)-ро занон ташкил доданд. 98 фоизи вакилон дорои маълумоти олӣ буда, 184 нафар дорои ду маълумоти олӣ ҳастанд. 56 нафар доктори илм ва 113 нафар номзади илм вакили Анҷумани XIV интихоб шуданд.
Ба ин тартиб, ваколати вакилони Анҷуман тасдиқ карда шуд.
Тибқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳизбҳои сиёсие, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Аз ҷониби вакили Анҷуман Зубайда Шарипова – директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. АНҶУМАНИ XIV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ  ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Инчунин, Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров – собиқадори ҳизб; Абдумубин Абдушукуров - директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко”-и шаҳри Хуҷанд; Гулбарг Боқиева – роҳбари Маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Мӯъминобод; Гулнора Тайѓунова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуѓнон; Саидбек Мирзомиддинов – роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (тариқи онлайн);; Хурсандмурод Қурбонов – раиси хоҷагии деҳқонии “Ёвар”-и шаҳри Ҳисор; Афсона Амирзода – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав; Хайёмиддин Исмоилов – мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров ва Мунира Каримова – сартабиби беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ва дигарон ба музокира баромада, оид ба саҳми шоистаи Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи давлатсозии миллати тоҷик изҳори назар кардан ва пешбарӣ гардидани Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Аз рӯйи ин масъала қарори дахлдори Анҷуман қабул карда шуд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуда, таъкид кард, ки кишвари мо боз дар арафаи як маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Раванди интихобот масъалаҳои мухталифро пеш мегузорад, ки ҳал ва ба инобат гирифтани онҳо талаби рӯз аст. Махсусан, дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократиро собитқадамона пайгирӣ менамояд, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург инкишофи ҷомеа амри воқеӣ аст.
Дар асоси талаботи қонунгузорӣ ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо дар интихобот мебошанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд. Бинобар ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори шаффоф ва дар доираи қонун баргузор гардидани интихобот аст.
Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуданд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти кишвар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Гуфта шуд, ки мақому манзалати ҳизб дар ҷомеа қабл аз ҳама ба ташаббусҳои роҳбарияти он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисод, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста аст.
Саҳм ва нақши ҲХДТ дар тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бузургу барҷаста маънидод карда шуд.
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қисми таркибии низоми сиёсии кишвар буда, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию нерӯи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо қаноатмандӣ таъкид доштанд: “Мо Президенти ҳозира ва Роҳбари муаззами ҳизбамонро ба ҳамон хотир дар давраи навбатии президентӣ пешбарӣ намудем, ки бо шарофати ӯ дастовардҳое, ки дар ҳаёти ҷомеъа ба вуқуъ пайвастанд, ҳифз кунем, онҳоро таҳким бахшем ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардорем. Барои ин лозим меояд, ки ҳаҷми зиёди корҳо, барномаҳои бузурги созанда ва бунёдкоронаро зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намоем ва бо ин васила сатҳи зиндагии мардумро сифатан беҳтар созем. Бо ифтихор метавон иброз намуд, ки имрӯз ҳаёти сиёсии кишварро бе Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули андешаву ибтикороти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Ин ҳар яки моро водор менамояд, ки дар амри иҷрои корҳои бузурги созанда ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш бошем”.
Инчунин, аз тарафи Абдуҷаббор Азизӣ ба таври муфассал нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манзури вакилони анҷуман шуд.
Зикр гардид, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст ворид мегардад. Ба таври шоиста миёни мардум муаррифи намудани он вазифаи ҳамаи мо аъзои фаъоли ҳизб ба шумор меравад. Барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб бо ҷалби фаъолони ҳизб, аъзои КИМ ҲХДТ, олимон, ҷамъиятшиносон, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, коршиносони дигар соҳаҳо бо роҳбарии бевоситаи номзад ба мансаби Президент таҳия шудааст.
Муҳимтарин хусусияти барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ моҳияти амалӣ ва озмудашуда доштани он аст. Барномаи пешазинтихоботии номзади мо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимми рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафаи А. Азизӣ махсус таъкид шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад: Якум - таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм - собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм - нерӯи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди ақидаҳои ҳизбӣ.
Дар маҷмуъ, номзади мо бо масъулияти калон дар барномаи худ ҳадафҳои ҳаётан муҳимро гузоштааст ва ин ҳизбиёнро вазифадор мекунад, ки барои амалӣ шудани онҳо тамоми маҳорату истеъдод ва нерӯи зеҳниамонро равона намоем.
Ба таъкиди муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ, дар марҳилаи бузурги созандагӣ ва ободкорӣ ҳамаи мо - аъзои ҳизбро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар раванди бунёдкорӣ саҳмгузорӣ намуда, ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва давлати миллӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни аҳли ҷомеа тақвият бахшем.
Дар ин росто, ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати ободу зебо кардани маҳаллу деҳоти худ саҳмгузор бошанд ва дар ин кори хайр аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба бунёди иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мусоидат намоянд.
Изҳори бовар карда шуд, ки аъзои ҳизб зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон медиҳанд ва собит мекунанд, ки дар равандҳои сиёсии дохилӣ мавқеи сиёсӣ ва ҳизбии мо ҳамчун нерӯи тавоно бо манфиатҳои миллӣ ва хоставу ниёзҳои мардуми кишвар тавъам мебошад.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома қарор қабул карда шуд.АНҶУМАНИ XIV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ  ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Масъалаи сеюми рӯзномаи Анҷуман баргузории ҷаласаи Раёсати КИМ ҲХДТ-ро дар назар дошт.
Дар асоси моддаи 4.16 Оинномаи ҳизб ҷиҳати озод ва интихоб намудани аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ пешниҳод намуд, ки Ватанзода Маҳмадалӣ, Фелалиев Акрамшо, Иноятзода Баҳром, Раҳмонзода Зоир ва Маҳмадшо Ҳамидулло аз ҳайати аъзои КИМ озод шуда, Зокирзода Маҳмадтоир – раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фелалиев Рустам – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Миралиён Қиёмиддин – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, Мирзозода Иброҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва Акрамзода Парвиз – раиси шаҳри Турсунзода аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ интихоб гарданд. Дар ҳамин ҷаласа ба ҳайъати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ низ таѓйирот дароварда шуд.
Вобаста ба масъала қарори дахлдори Раёсати КИМ ҲХДТ қабул карда шуд.
Бо ҳамин, Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз беш аз 494 ҳазор аъзо дорад. 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: