Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 10 ДЕКАБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ҲХДТ САҲИФАҲО АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ

10 ДЕКАБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ҲХДТ САҲИФАҲО АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ

8-12-2016, 15:46
Хабарро хонданд: 1005 нафар
Назарҳо: 0
10 ДЕКАБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ҲХДТ   САҲИФАҲО АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ
Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).

***
12 июни соли1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.

***
10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

***
15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 номнавис намуд.

***
30 марти соли 1996 Анҷумани II Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

***
7 сентяби соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб- рӯзномаи "Минбари халқ" аз чоп баромад.

***
25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.

***
18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.

***
23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

***
25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

***
22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа- давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.

***
21 декабри соли 2001 маҷлиси КИМ ҲХДТ дар асоси маърӯзаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолият ҳизби қарорҳои таърихӣ қабул намуд.

***
26 декабри соли 2003 маҷлиси КИМ ҲХДТ вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ-ро дар марҳилаи нав муҳокима кард.

***
22 октябри соли 2004 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд. Маҷлис суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рафти тайёрии ташкилотҳои ҲХДТ ба итихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунид. Оид ба чорабиниҳои КИМ ҲХДТ бахшида ба даҳумин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъвати Анҷумани VIII ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул кард.

***
18 декабри соли 2004 Анҷумани VII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуд.
Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт.
***
21 декабри соли 2005 маҷлиси КИМ ҲХДТ маърӯзаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро "Дар бораи вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҲХДТ" шунида, қарорҳои дахлдор қабул кард.

***
Масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Низомнома дар бораи интихоби комиҷроияҳои ҲХДТ", "Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ" ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

***
22 июни соли 2006 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Маҷлис санаи баргузории Анҷумани IX ҲХДТ - 23 сентябри соли 2006-ро муайян намуда, рӯзномаи онро тасдиқ кард. 22 сентябри соли 2006 рӯзномаи электронии ҲХДТ- "Tribun.tj" ба фаъолият оғоз намуд.
***
23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман як масъала-пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона қарор қабул кард.
***
11 майи соли 2007 дар ноҳияи Ҳисор семинарии умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи "Тадбиқи дастуру супоришҳои Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон асоси таҳкими сафҳои ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа" баргузор гардид.
***
2-3 майи соли 2008 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ доир шуд. Дар машварат қарор дар бораи "Ба сарпарастии маънавӣ гирифтани сохтмони НБО-и Роғун аз тарафи ҲХДТ" қабул гардид.

***
9-10 октябри соли 2008 дар ноҳияи Рашт машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи "Сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳамчун омили асосии таҳкими ваҳдату суботи миллӣ" доир гашт. Дар машварат муроҷиатномаи фаъолзанони ҳизб ба ҳамаи бонувони кишвар қабул гардид.

***
15 августи соли 2009 дар ноҳияи Рӯшон семинари умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи "Роҳу усулҳои муосири тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба маъракаҳои итихоботӣ" баргузор шуд.

***
28 декабри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди ташкилёбии ҲХДТ Анҷумани Х ҳизб доир шуд. Дар ин Анҷумани таърихӣ 1900 нафар вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст, аз ҷумла "Единая Россия", "Оқ жол"-и Қирғизистон, "Нуротан"-и Қазоқистон, "Ени Озарбойҷон" ва Ҳизби Коммунисти Чин ширкат варзиданд.
Дар Анҷуман ба вазифаи пуршарафи Раиси ҲХДТ аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.
Анҷуман инчунин аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 67 нафарро ба тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб кард.
Дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.
Бо қарори Анҷумани Х ҲХДТ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.
***
20 апрели соли 2011 Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир шуд. Дар маҷлис Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" таъсис дода шавад.

***
27 июли соли 2011 Конференсияи якуми Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ "Созандагони Ватан" доир гардид, ки дар он Оинномаи созмони номбурда тасдиқ ва аъзои Шӯрои марказии ТҶҶ ҲХДТ "Созандагони Ватан" интихоб шуданд.

***
5 октябри соли 2011 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сохта ба истифода дода шуд.
Баъдан кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Сарбанд Хуросон, Ҷайҳун, Қубодиён, Фархор, Ҷиргатол, Файзобод, Ашт ва Айнӣ низ соҳиби чунин биноҳои маъмурӣ шуданд.


***

23 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи васеи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилони ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шунида шуд.
***
23 январи соли 2012 машғулиятҳои курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат баргузор гардида, то 28 январ идома ёфт. Баъди анҷоми курси бозомӯзӣ дар Маҷлиси васеи Раёсати КИМ ҲХДТ ба иштирокчиёни он сертификат супурда шуд.

***
30 августи соли 2013 таҳти раёсати Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои КИМ ҲХДТ, Раёсат, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва як қатор шаҳру ноҳияҳо, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан", масъулини ташкилоту идораҳои дахлдор ва намояндагони нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
***
4 октябри соли 2013 Анҷумани XI ҲХДТ баргузор гардид. Вакилони Анҷумани ХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлат, номзади ягона ва арзандаи ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
***
6 ноябри соли 2013 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ғолиб гардида, барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
***
Рӯзҳои 12-15 майи соли 2014 бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзии фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он 72 нафар раисони комиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд.
***
18 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ доир гардид, ки дар он, аз ҷумла омодагии ҳизбиён ба таҷлили санаи фархундаи 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва тайёрӣ ба Анҷумани ХII ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
13 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1193 вакил, фаъолон, аъзои ташкилоти "Созандагони Ватан" ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Анҷуман аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 79 нафар, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иборат аз 15 нафар ва ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро иборат аз 7 нафар тасдиқ кард.
Вакилони Анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро аз нав Раиси ҲХДТ интихоб карданд.
Инчунин дар Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.
Бо Қарори Анҷумани ХII ҲХДТ 28 нафар номзад, аз ҷумла 11 нафар зан ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

***
4 декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.
Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки баъди Анҷумани XII ҳизб, ки дар моҳи декабри соли гузашта барпо шуда буд ва баъди баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҷумҳурӣ ин ҷамъомади васеъ ва фарогири Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб маҳсуб меёбад, ки мо имкон дорем дар зимни он фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбиаморо дар марҳилаи ҳозира мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳем
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: