МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН7-08-2020, 15:50
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
6 август дар шаҳри Душанбе Маҷлиси кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки мо дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Вазъи ҷаҳони имрӯза бо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва молу ашё ва паст шудани фаълолнокии иқтисодӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим мураккаб гардида, ба буҳрони бесобиқаи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ оварда истодааст. Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки нақши ҲХДТ дар муддати беш аз 25 соли фаъолияташ дар се самт – фурӯ нишондани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор гузоштан ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа назаррас буд. Мо дар асоси барномаи ҳизб сиёсати бунёдкоронаи худро идома бахшида, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии фазои сиёсӣ, рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум бояд минбаъд низ аҳаммияти махсус диҳем. Ба таъкиди Раиси ҳизб, пайваста дар байни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии ҳизб дар шароити имрӯза мебошад. Мо бояд аз мушкилоту ниёзҳои мардум ҳамеша огоҳ бошем, ба ҳалли саривақтии онҳо мусоидат намоед, ташаббусҳои созандаи мардумро дастгирӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намоем. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда Раиси ҳизб зикр намуданд, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти кишвар барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд. Масъалаи дигаре, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хоса карданд, баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Махсусан зикр шуд, ки овози мардум ба номзади ҳизбе дода мешавад, ки ормонҳои миллӣ ва мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ҳаллу фасл карда тавонад, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, марзу буми он, амнияти саросарӣ ва ғояҳои давлатдорӣ истодагарӣ намояд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон берун аз муқаррароти қонун имтиёз дода намешавад. Ҳамзамон, ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, густариш бахшидани корҳои созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва тарғиби ғояҳои давлати миллӣ саҳми шоистаи худро гузоранд. Баъд аз суханронии Раиси муаззами ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Азиззода Умеда – раиси ташкилоти ибтидоӣ, директори Маркази забономӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд; Собирзода Ато – муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Истиқлол», муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»; Саидхонова Холисамоҳ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Рӯшон; Сатториён Матлуба – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд; Иброҳимзода Амир – аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе; Маликшоева Шобегим – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, сардори шуъбаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуманонзода Ёқубҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» баромад намуданд. Аз рӯйи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд. Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, бо назардошти пешниҳоди аъзои КИМ ҲХДТ қарор шуд, ки Анҷумани XIV ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад. Дар ҷамъбасти кори маҷлис Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлати тозаистиқлоли мо саҳми муносиб ва арзанда дорад ва барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти он ба мо зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи самтҳои муҳимтарини барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат, низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тавсеа бахшидани ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳсоси гарми худшиносиву худогоҳӣ ҳиссаи худро гузорем. Душанбе. 06.08.2020 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.