Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ вакили Анҷумани ҲХДТ интихоб шуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ вакили Анҷумани ҲХДТ интихоб шуданд

1-09-2020, 09:15
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ вакили Анҷумани ҲХДТ интихоб шудандКонфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод намуд.

«Ин як шарафи бузург на фақат барои мардуми ВМКБ, балки тамоми кишвар аст, ки раиси ҳизб маҳз аз ин вилоят вакил пешниҳод мешавад. Сарвари давлат ҳамчун вакил аз ин вилоят дар анҷумани ғайринавбатии 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард», — гуфт раиси дастгоҳи ҲХДТ.

Тавре Абдураҳмон Хонов иброз дошт, тайи ду рӯзи гузашта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар конфронсҳои ҳизбӣ баргузор ва намояндагони ҳизб ба анҷумани ғайринавбатӣ маълум шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 низ аз сӯи аъзои ин ҳизб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вакил пешниҳод шуда, аз сӯи анҷумани ҲХДТ номзад пешбарӣ гардиданд ва дар интихобот пирӯз омаданд.

Ба иттилои масъулини ҲХДТ, ин ҳизб ҳудуди 500 ҳазор аъзо дар саросари кишвар дорад, ки 40%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб, ки 3 сентябр дар Душанбе баргузор ва номзади ҳизб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд, аз 487 нафар узви ҳизб як вакил ширкат меваарзад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: