Конференсияи 18-уми ғайринавбатииҲХДТ дар шаҳриҚӯрғонтеппа12-07-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Конференсияи 18-уми ғайринавбатии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он ду масъала; – пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҷои вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №29 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ҷои вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №3 дида баромада шуд. Дар кори Конференсия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Оиди масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раисикунандаи конференсия Т.Наҷидуллоев баромад намуда, қайд кард, ки тавре маълум аст, дар иҷлосияи ёздаҳум (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳавзаи интихоботии№29 дар асоси аризаи худаш қатъ карда шуд. Вобаста ба ин масъала бо назардошти моддаи 9-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва мутобиқи моддаи 24 ва 29-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ”дар ҳавзаи интихоботии№29 санаи 30 августис оли 2017 интихобот таъин карда шудааст ва ба мо лозим аст, ки номзади ҲХДТ-ро ба ҳавзаи мазкур пешниҳод намоем. Вакили Конференсия Қурбонзода Қурбон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” номзадии Исмоилзода Абдуалим Абдулазизро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзои фаъоли ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳавзаи интихоботии№29 пешбарӣ намуд, ҳамзамон номбурда ҳолномаи номзадро қироат намуд. Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия вакили Конференсияи 18-уми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Театри вилоят» Абдуллоев Аловуддин номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзои фаъоли ҲХДТ Исмоилзода Абдуалим Абдулазизро дар ҳавзаи интихоботии №3 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод намуд. Ҳама вакилони конференсия якдилона пешниҳодҳоро дастгирӣ намуданд. Оид ба масъалаҳои мазкур лоиҳаи қарорҳо таҳия гардида, ба овоз монда шуд. Қарорҳо қабул гардиданд. Бо ҳамин Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа кори худро ба анҷом расонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.