Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Дар анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

1-09-2020, 09:17
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Дар анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидИмрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Дар анҷумани мазкур собиқадорон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат иштирок намуданд.

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

«Маҳз ҳамин буд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷумҳурӣ дар Анҷумани ғайринавбатии худ 17 марти соли 1994 бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ намуда буд», — тазаккур дод ӯ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: