Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нидо ба террористе, ки дар Сурия модари худро қатл кард

Нидо ба террористе, ки дар Сурия модари худро қатл кард

18-02-2016, 14:14
Хабарро хонданд: 345 нафар
Назарҳо: 0
Нидо ба террористе, ки дар  Сурия модари худро қатл кардЭй Аҳриман, насли Заҳок,
Эй майнахури майнақоқ,
Эй лошахур, эй аҗдаҳо,
Эй иблиси дур аз Худо,
Эй ҳурмуни оташнафас,
Эй каргаси зеби қафас,
Эй нашъаманди каллабур,
Эй каллабури каллахӯр,
Эй, ту сутури дар ба дар,
Шармандаи аҳли башар,
Ҷаллоди Чингизи муғул,
Эй бенамуд, авлоди ғул,
Даррандаи даррандаҳо,
Ифротгарои Карбало,
Эй қотили зардобахӯр,
Зардобахӯри ландаҳӯр,
Модар туро бо чашми тар
Меҷӯст аз кӯҳу камар,
Меҷӯст аз ҳар кӯю дар
То ин ки дарёбад писар,
Сад кӯҳу саҳроро гузашт,
Водиву дарёро гузашт,
Аз шаҳру аз деҳот кофт,
Охир туро бечора ёфт,
Оғӯш бикшод сӯи ту,
Бӯсид чашму рӯи ту,
Аммо дарафтодӣ ба ӯ,
Чанге задӣ ӯро зи мӯ,
Лублунда шуд монанди тӯб,
Кардӣ варо ту шаттакӯб,
Пешат ба мӯйҳои пареш
Афтод модар ҳамчу меш,
Ту сар задӣ ӯро ба теғ,
Шуд кушта модар, водареғ,
Афсӯс, модар кушта шуд,
Ҷисмаш ба хун оғушта шуд,
Бардошта дасти дуо
Дорам тавалло аз Худо,
То инчунин фарзандро,
Фарзанди дур аз пандро,
Бардорад охир аз миён,
То одамӣ ёбад амон!
Раҳматуллоҳ Исматӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: